Роҳҳои тиббӣ ва динии ҷилавгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус "КОВИД-19"

Таърихи башар ҳодисаҳои гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятиро дар дарозои таърих фаровон дар ёд дорад. Яке аз машҳуртарини он, ки то ба рӯзгори мо маълумоташ расида ва ҳатто дар пардаи синамо ба тасвир кашида шудааст, хуруҷи бемории вабо дар даврони Сомониён дар шаҳри Бухоро мебошад, ки бо ҳусни тадбиру заковати дунёгири Абуалӣ ибни Сино, фарзанди фарзона, яктои замона, табиби ҳозиқу мудаббири лоиқи халқи тоҷик, бо ақлу дониш ва фаросату биниши худододӣ, тавонист онро ба хубӣ мудирият кунад ва бузургӣ ва азамати пешравии тоҷикон дар илми тибро ҳанӯз дар асри Х-и мелодӣ ба намоиш бигузорад.

Ба ривояти таърих дар ду асри ахир ХХ ва ХХI, ки мо дар оғози дуввумӣ ба сар мебарем, бемориҳои ҳамагир ва ё пандемия ба қайд гирифта нашудаанд. Шояд башарият фикр мекард, ки дигар давраи вабоҳову тоунҳо гузаштааст ва илми тиб ҳам бо фанновариҳо ва доруву дармонҳо ба дараҷае пеш рафтаву саломатии мардумро дар амон дошта, ки дигар хавфу хатаре аз чунин бемориҳо нест. Вале дар охири соли гузашта бемории ҳамагире бо номи КОВИД 19 аз ҳамсоякишвари мо сар боло карда дар як муддати кӯтоҳ дунёро ба худ печонду тақрибан ҳич кишвареро дар амон намонд.

Таърих дубора такрор шуд. Илми тиб дар имтиҳони сахту душвори сарнавишт гирифтор шуд. Ва ҳам ин тарафи масъала низ диққатҷалбкунанда аст, ки вабоҳои нав кушандатар аз вабоҳои таъриханд. Зеро мудирияташон душвортар шудааст. Сабабаш ҷаҳони серрафтуо мебошад. Дунёе, ки мисли як деҳаи кучак шудааст. Дар чунин ҳолат мудирият ва контроли бемориҳои сироятӣ хеле душвор мешавад. Иқтисоду кору фаолияти мардум аз сафар ва доду гирифт бо дигар миллатҳову кишварҳо вобаста шудааст. Ин масъаларо печидатар ва дармони касалиҳои сироятиро душвортар мекунад. Ин воқеияти талхи даврони мост.

Аз рӯзи зуҳураш КОВИД 19 ба шакли барқосо дунёро фаро гирифт ва аз Чин то Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дар худ печонд ва беш аз 34,2 миллион (дар таърихи 2 10.2020с) одамро дар сартосари гетӣ гирифтор намуда беш аз як миллион аҳолии сайёраро кушта аст. Расман дар ҷумҳурии мо адади гирифторон ба 9685 ва шумораи фавтидагон ба 75 нафар ба ҳолати (02 октябри соли 2020), расидааст, ки ин нисбат ба омори хеле аз кишварҳо нисбатан кам аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳусни тадбир ва то ҳадди тавон кӯшиш кард, худро аз олудашавӣ ба ин беморӣ ҳифз кунад ва то ҳадде муваффақ шуд, аммо чуноне дар боло гуфта гузаштем дар дунёи серрафтуои имрӯз ҳар қадар кӯшишу талош ҳам бикунӣ куллан дар амон мондан аз чунин бемориҳо номумкин аст. Ҳукумати ҷумҳурӣ зери дастуру супоришҳои сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кумиати мубориза бо пандемияи ковид 19 ро ташкил намуда Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзодаро раиси он таъйин намуда ва ҳамзамон фонди давлатии мубориза бо ин пандемияро ташкил кард.

Шиддати аз ҳама баланди пандемияи КОВИД 19 дар Ҷумҳурии мо дар моҳи май ба қайд гирифта шуд, ки беморхонаҳои пойтахтро дар як муддатзамони кӯтоҳ пур кард. Аз баракату қаҳрамониҳои кормандони соҳаи тиб, духтурони парасторони ғайюру шуҷои мо дар як муддати кӯтоҳ авҷи ин пандемия бо камтарин хасорот паст карда шуд ва вазъият то ҳадди зиёд муътадил шудааст. Бо ин вуҷуд набояд ба фориғболӣ роҳ доду аз тадбиру талошҳои ҷилавгирикунандаи беҳдоштӣ даст кашид. Чанд рӯз пеш зимни фармону супориши роҳбарияти ҷумҳурӣ пӯшидани ниқоб ҳатмӣ шуд ва барои риоят накардани он ҷарима дар ҳаҷми аз 116 то 290 сомонӣ таъйин шуд. Ин тадбир ба бовари ман хеле саривақтӣ ва муҳим мебошад. То бепарвоён нисбат ба саломатии худ ҳадди ақал аз тарси ҷарима ҳам, ки бошад талаботи беҳдоштиро риоя намуда худу дигаронро аз олудашавӣ ҳифз намоянд. Онгуна, ки дар васоити ахбори омма ба таври ҳамарӯзаву ҳаррлаҳзаина эълому пахш мешавад беҳтарин роҳи мубориза бо ин вабо ва ҷилавгирӣ аз сироят ба он ба ҷо овардани тадбирҳои беҳдоштии тиббӣ аст, ки ба тавсияи духтурҳо бояд амалӣ ва анҷом дода шаванд.

1)    Аввал ва аз ҳама муҳиммаш одам бояд ба таҳлука наафтода орому оҳиста бо вазъият бархурд намояд зеро ҳар нав ошуфтагӣ метавонад ба ҷойи кӯмак зарарҳои фаровоне ба мову саломатиямон бизанад, ки ба суду фоидаи кор нест. Ва ҳамонгуна, ки ибни Синои бузург фармудааст: " Ба таҳлука науфтодан нисфи муолиҷа аст".

2)    Барои онҳое, ки имкон доранд, саъйу талош намоянд, ки дар хона бимонанд ва беҳуда ба ҷоҳои ҷамъиятӣ ва серодам нараванд.

3)    Ҳатман аз ниқоби тиббӣ ва дасткаш истифода кунанд.

4)    Фосилаи иҷтимоиро ҳангоми ворид шудан ба ҷоҳҳои ҷамъиятӣ риоя намоянд.

5)    Аз даст дода салом кардан парҳез намоянд.

6)    Зуд зуд дастҳои худро бо собун шӯянд.

7)    Аз маводи антисептикӣ истифода баранд.

Албатта мо мардуми тоҷик халқи мусулмон ҳастем ва дар ин росто яъне дар мубориза бо бемориҳои ҳамагир мисли вабо ва тоун дину ойини мо ҳам ба кӯмакамон мешитобад. Ҷолиб аст, ки дар таълимоти динии мо руйи ин масалҳо ҳам таъкиш шудааст. Дар тавсияҳои пайғамбари Ислом ҳазрати Муҳаммад (с) мехонем, ки мефармояд: " Ба сарзамине, ки вабо бошад наравед, ва агар дар ҷойе бошед, ки ин беморӣ хуруҷ кардааст, аз онҷо набароед". Ривояти таърихӣ ҳам ҳаст, ки дар замони хилофати ҳазрати Умари Форуқ дар шаҳре, ки халифа ба тарафаш сафар мекард бемории вабо хуруҷ карда буд, аммо халифа намедонист. Вақте дар роҳ ба ӯ гуфтанд, ки дар шаҳр вабо аст аз роҳаш баргашт. Яке аз ёрони паёмбар бо такя ба мафҳуми қазову қадар ва бо тааҷуб аз ҳазрати Умар пурсид: " Магар аз тақдири Худо мегурезӣ эй Умар? " Ҳазрати Умар бо қотеият ба ӯ ҷавоб дод: " Бале! Аз тақдири Худо ба тақдири Худо мегурезем".

Маънои гапи ҳазрати Умар ин буд, ки эҳтиёт накардан ба баҳонаи тақдир дар дини Ислом кори ғалат аст. Балки эҳтиёт кардан худ тақдири худост, ки набояд аз он фирор кард яъне бояд пойбандаш буд.

Ва ҳам мо дар тавсияҳои ҳазрати Муҳаммад мехонем, ки мегуяд пеш ва пас аз хӯрдани хӯрок ҳатман дастатонро шӯед.

Кафедраи анатомияи патологи

Шарипов Х.Ю., Салимова Н.К., Курбонова И.Ш., Мавлонов М.А.

02.10.2020     12

Гузариш ба саҳифаи: