Дарси кушод бахшида ба Рӯзи Президент

Бо сарпарастии муаллимаи кафедраи анатомияи одам ва истилоҳоти тибии лотинӣ ба номи Я.А.Раҳимов Ҷумаева Г.С. бахшида ба Рӯзи Президент - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо гурӯҳи кураторӣ ба донишҷӯёни курси 1-уми факултети тиббӣ (гурӯҳи 23) дарси кушоди тарбиявӣ гузаронида шуд.

Дар рафти дарси кушоди тарбиявӣ муаллима Ҷумаева Г. аз хизмат ва меҳнатҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани Тоҷикистони навин ва истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ нуктаҳои ҷолиб гуфта, ба донишҷӯён таъкид намуд, ки ба осоиш ва пешрафти кишвар бетараф набошанд. Тоҷикистон ва миллати худро дӯст доранд ва барои рушди он кӯшиш намоянд.

22.11.2019     723

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php