Чорабинӣ дар кафедра

Чорабинӣ дар кафедра
21 феврал бахшида ба «Рӯзи Артиши миллӣ» дар кафедраи анатомияи одам ва истилоҳоти тиббии лотинии ба номи Я.А. Раҳимов бо иштироки васеъи кормандони кафедра ва донишҷӯён баргузор гардид.
Чорабиниро мудири кафедраи анатомияи одам н.и.т Зокиров Р.Ҳ ифтитоҳ намуда ҳамагонро бо «Рӯзи Артиши миллӣ» табрик намуданд. Баъд донишҷӯи курси якум Мадуллоева Р ҳозиринро бо таърихи ташкилёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуд. Пас аз донишҷӯён Ҳакимова М, Ҷураев М, Мӯсоев М ва Абдуллоев М дар бораи ватандӯсти, Артиши милли шеърҳо қироат намуданд. Сипас Разоқова Сайли суруди «Катюша»-ро қироат кард. Дар интиҳои маҳфил куратори гурӯҳ Саломзода Н.Р ҳамагонро бо ин ид табрик намуда ба иштирокчиён арзи сипос иброз дошт.
Мудири кафедраи анатомияи одам ва истилоҳоти тиббии лотинии ба номи Я. А. Раҳимов н.и. т., Р. Ҳ. Зокиров
27.02.2020     112

Гузариш ба саҳифаи: