Терроризм - хатар ба инсоният

 Терроризм - хатар ба инсоният
Яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Ин ду мафҳум зуҳуроти номатлуби замони имрӯза ба шумор мераванд. Ҷилавгирӣ кардан аз ифроту тафрит яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ мебошад. Расидан ба қадри неъмати истиқлолияти давлатӣ, расидан ба арзишҳои миллӣ, муқаддасоти давлату давлатдорӣ, ҳифзи онҳо ҳам шараф ва ҳам қарз аст. Бояд ҳар як фард бо тамоми ҳастияш волоии фарҳанги миллӣ, таърихи ниёгон, шаъну шарафи ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллатро дарк намояд. Танҳо дар ин маврид метавон гуфт, ки ба қадри ватану ватандорӣ расидем. Барои ба чунин ҳадафҳо ноил гаштан бояд ягон фарди ҷомеа нисбати тарбияи насли наврас ва ҷавонони имрӯза бетараф набошад.
Барои пешгирии чунин падидаҳои номатлуб бояд ҳар як фарди соҳибмаърифат, хусусан падару модар ва муассисаҳои таълимӣ ва худи ҷомеа масъулияти азимро дарк намуда, саҳми худро дар тарбияи насли наврас гузошта бошанд. Танҳо дастаҷамъона метавон бар зидди чунин падидаҳои нанговар мубориза бурда, ғолибиятро ба даст овардан мумкин аст.
Оиди ин масъалаи муҳим ва глобалӣ Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати пойдор, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз менамоянд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».
Бо мақсади ҷилавгирӣ кардан аз ифроту тафрит, ки яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ мебошад, санаи 16 октябри соли ҷорӣ дар хобгоҳҳои №4 ва №7 бо иштироки ҳуқуқшиноси донишгоҳ Саидов З.Ҷ., муовини декани факултети тиббӣ Бурҳонова З.У., раиси КИКД Саидов И. ва сармутахассиси шӯъбаи тарбия ва фарҳанги донишгоҳ Ҳафизов Т.С.мизи мудаввар доир гардид.
Дар чорабинӣ сараввал ҳуқуқшиноси донишгоҳ Саидов З.Ҷ баромад карда, ба донишҷӯён мақсаду мароми хешро оиди ин масъала иброз дошт. Инчунин дар масъалаи қоидаҳои дохилидонишгоҳӣ барои донишҷӯён ва натиҷаи қонунвайронкуниҳо истода гузаштанд.
Сармутахассиси шуъбаи тарбия ва фарҳанги донишгоҳ Ҳафизов Т.С. аз гуфтаҳои пурмазмун ва хусусияти ахлоқӣ доштаи классикони адабиёти тоҷику форс андарзҳои зиёде оварданд, ки хело ба маврид буд.
Дар охир муовини декани факултети тиббӣ оиди тарбия Бурҳонова З.У. баромад карда, донишҷӯёнро ба дӯстию рафоқат, ҳамдигарфаҳмӣ даъват намуданд.
Н.М. Хоҷаева, Декани факултети тиббӣ, д.и.т., профессор

21.10.2019     298

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php