Суҳбат оиди пешгирии беморӣ

Суҳбат оиди пешгирии беморӣ
Санаи 2 апрел муовинони декани факултети тиббӣ Бурҳонова З.У. ва Раҳимова Д.С. дар толори лекционии бинои таълимии шаҳраки “Шифобахш”,бо донишҷӯёни курсҳои 6-ум сӯҳбат ороста бо роҳи пурсишнома (анкетаронӣ) донишу малакаи донишҷӯёни хатмкунандаро санҷиданд. Муовини декан Бурҳонова З.У., дар мадди аввал бо донишҷӯён дар мавзӯи “Чораҳои пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус СOVID -19” сӯҳбат ороста, фикру андешаи онҳоро пурсон шуданд. Муаллима қайд намуданд, ки санаи 1 апрели соли 2020 аз расонаҳои хабарӣ маълумотномаи ТУТ (ВОЗ) расид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳодисаи бемории сироятии коронавирус СOVID -19 ба қайд гирифта нашудааст. Ин хабар хело хурсандиовар аст, вале ин моро водор месозад, ки бепарвоӣ накарда, дар маълумотнок намудани донишҷӯёни курсҳои болоӣ саҳм гузошта бошем. Онҳо донишу малакаи худро метавонанд бо корҳои фаҳмондадиҳӣ, сайқал диҳанд.
Натиҷаи таҳлили пурсишнома нишон дод, ки қариб 95 % донишҷӯёни курси 6-ум оиди ин беморӣ маълумоти кофӣ дошта, метавонанд дар мавриди зарурӣ ба ҳайси волонтерҳо саҳмгузори корҳои таблиғотӣ бошанд.
Декани факултети тиббӣ д.и.т.,профессор Хоҷаева Н.М.
02.04.2020     380

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php