Суҳбат оид ба пешгирии беморӣ

 Суҳбат оид ба пешгирии беморӣ
Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 ва ҷиҳати равшанӣ андохтан ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, санаи 17 апрели соли 2020, муовини декани факултети тиббӣ Бурҳонова З.У., аз кафедраҳои клиникии ММТТ шаҳраки “Шифобахш” дидан намуданд.
Дар ҷараёни кор аз кафедраҳои Офталмология, Отолорингология, Онкология, Травматология, Бемориҳои дарунии №3, Асабшиносӣ ва асосҳои ирсияти тиббӣ ва Урология дар ҳузури мудирони кафедраҳои номбаршуда, устодони кафедраҳо ва донишҷӯёни курсҳои 4- ум ва 5-уми факултетҳои тиббӣ, НТҶ ва педиатрӣ миёни донишҷӯёни ватанӣ ва хориҷӣ, ҷиҳати чораҳои пешгирӣ ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ суҳбатҳо оростанд.
Дар баробарирафти сӯҳбат муовини декан оид ба масъалаҳои давомот, риояи сару либоси тавсиявӣ, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои ифротгаро ва дигар қоидаҳои дохилидонишгоҳӣ ибрози андеша намуданд гузаштанд.Дар ҷараёни суҳбат бо кормандони кафедраҳои номбаршуда муайян карда шуд, ки пеш аз лексияҳо ва ҷараёни дарсҳои амалӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. аз ҷониби онҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ пеш аз лексияҳо ва дар ҷараёни дарсҳои амалӣ гузаронида мешаванд.
Ҳамчунин дар саҳни беморхона бо иштироки донишҷӯёни курси 5-уми факултети тиббӣ ва педиатрӣ бо сокинони шаҳру навоҳии кишвар ҷиҳати моҳият, омилҳои хавф ва роҳҳои пешгирии бемории COVID – 19 гузаронида шуд.
Декани факултети тиббӣ, д.и.т., профессор Хоҷаева Н.М.
18.04.2020     265

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php