Суҳбат бо донишҷӯён

Суҳбат бо донишҷӯён
Рӯзи 13 ноябри соли ҷорӣ деканати факултети тиббӣ бо донишҷуёни курси 2 ҷаласаи машваратӣ доир намуд.
Дар ҷаласа, ки бо иштироки декани факултет, д.и.т., профессор Н.М.Хоҷаева, муовинони декан П.М.Зуҳурова ва С.Н.Арабзода доир гашт, масъалаҳои муҳими вобаста ба таҳсилот, риояи қоидаҳои дохилидонишгоҳӣ, давомоти донишҷӯён ва қоидаҳои сабақггардонӣ суҳбати ошкору муфид доир гашт.
Дар рафти суҳбат масъулони факултет аз донишҷӯён тақозо намуданд, ки дар ин давраи масъулиятноке, ки баъди чанде бо оғози санҷишу имтиҳонҳо ташвиши донишҷӯён боз ҳам бештар мегардад, имрӯз аз ҳар дақиқаву соат пурсамар истифода баранд. Инчунин, талаб карда шуд, ки ҳар як донишҷӯ бояд бо қоидаҳои дохилидонишгоҳӣ шинос бошад ва дар риояи онҳо масъулияти бештаор ҳис намояд.
Дар давоми вохӯрӣ донишҷӯён оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи хеш саволҳо дода, аз масъулони факултет ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Деканати факултети тиббӣ
15.11.2019     326

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php