ШӮРОИ ОЛИМОНИ ФАКУЛТЕТИ ТИББӢ
18-уми декабри соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони факултети тиббӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа тариқи озмун 9 омӯзгори кафедраҳои гуногуни донишгоҳ ба ҳайси муаллимони кафедраҳо интихоб гардиданд. Ахбор дар бораи фаъолияти таълимии кафедраҳо шунида шуд. Инчунин дар ҷаласа 7 нафар магистри кафедраи бемориҳои дарунӣ ва анатомияи патологӣ ва 1 нафар докторанти рD аз кафедраи физиологияи нормалӣ рисолаи номзадии худро тасдиқ намуданд. Дар ҷаласа устоди кафедраи ҷомеашиносӣ Сайфулло Сафарович Муродов оиди Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзоёни Шӯрои олимони факултети тиббӣ ахборот доданд.
20.01.2020
230