Шӯрои кураторони факултети тиббӣ
Барои халқи тоҷик фахри беинтиҳо ва далели мӯътамад аст, ки решаҳои тоҷик то ба куҷо меравад. Пас метавон гуфт, ки маҳз мо тоҷикон ба ҷаҳон таммадун додаем ва оғози таммадун аз мулки тоҷик сарчашма мегирад. Солҳои аввали омӯзиши Саразм ақидае роиҷ буд, ки гӯё Саразм аз теппачаҳои начандон калон ва деҳоти аз ҳам дур мураттаб аст, ки ба давраи энеолит рост меояд. Вале тадқиқоту омӯзиш ва зери кишти зироатҳо собит кард, ки ин андеша ботил аст. Саразм шаҳр аст, на деҳот. Иқлими мусоид, шароити қулай, боду ҳавои соз мардуми нахустро дар Саразм сарҷамъ кард. Шуғли асосии ин аҷдодони қадимтарини тоҷикон - саразмиҳо кишоварзӣ ва чорводорӣ буда, онҳо ба истеҳсол ва коркарди фулузот низ шуғл меварзиданд. Саразмиҳо кашфи маъданро кашф намудаанд ва дар истеҳсоли он низ муваффақ мешуданд. Ҳини ковтуковҳои бостоншиносӣ аз қароргоҳҳои саразмиҳо 150 намуди ашёҳои биринҷӣ ба монанди корд, ханҷар, табарзин, нӯги найза, мӯҳри сурбӣ, ашёҳои тиллоӣ ва нуқрагӣ ёфт шудаанд. Заргарӣ, чармгарӣ, ресандагӣ бовфандагӣ ва соҳаҳои дигар низ тараққӣ карда буд.Фарҳанги саразмиҳо низ хеле пеш рафта буд ва онҳо бо сокинони ҷанубу шарқии Туркманистон, шимолии Эрон ва Балуҷистону Сиистон низ иртиботи фарҳангӣ доштанд. Оиди ин масъалаи мубрами рӯз, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми тоҷик дар Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардид, санаи 28 декабри соли 2019 дар Шӯрои кураторони факултети тиббӣ аз ҷониби раиси Шӯрои кураторони факултет Бурҳонова З.У. ва устоди кафедраи ҷомеашиносӣ Абдураҳмонов З.В. дар мавзӯи “Саразми бостонӣ” бахшида “Солҳои рушди сайёҳӣ, деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ” маърӯза ва презентатсияи пурмазмун пешниҳод карда шуд. Дар Шӯрои кураторон инчунин қарор қабул карда шуд, дар дарсҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳои беруназдарсӣ ба донишҷӯён оиди ин мавзӯ маълумотҳои мухтасар баррасӣ карда шавад. Ин гуна чорабиниҳо дар тарбияи ватандӯстӣ ва меҳанпарастии насли ҷавон нақши беандоза хоҳад монд. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бозёфтҳои маданияти қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то мелод мансуб буда, аввалин шаҳрҳову нахустин давлатҳои таърихии мо дар ҳамин сарзамин ба вуҷуд омадаанд, ки намунаи беҳтаринашон шаҳраки қадимаи Саразм мебошад. Дар баробари ин, бо дастури Ҳукумат маводи зарурӣ ҷиҳати пешниҳод кардани Саразм ба рӯйхати мероси таърихии халқи тоҷик ба ЮНЕСКО омода ва ирсол гардида, Саразм ҳамчун намунаи шаҳри қадим аз тарафи ин созмони ҷаҳонӣ эътироф ва моҳи июни соли 2010 ба феҳристи мероси фарҳанги умумибашарӣ ворид гардид», -илова намуданд Пешвои миллат.
04.01.2020
282