Санҷиши навбатии деканати тиббӣ дар кафедраҳои Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”

Санҷиши навбатии деканати тиббӣ дар кафедраҳои Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”

Барои пешрафти сифати таълиму тарбия дар кафедраҳо санҷишу ташрифҳои деканатҳо, Шуъбаи таълим, Шуъбаи тарбия бояд таъсири мусбат расонад. Бинобар ин деканати тиббӣ санҷиши навбатии худро дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” гузаронид.

Санаи   4 – уми январи соли ҷорӣ муовинони декани факултети тиббӣ Бурҳонова З.У., Зуҳурова П.М., Иргашева Ҷ.З. ва Истамова З.Ҳ ба Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” барои санҷиши давомоти донишҷӯён, ҳуҷҷатгузорӣ ва корҳои тарбиявии кафедраҳои мавҷудбуд ташриф оварданд.

Дар ҷараёни санҷиш муовинони декан аз кафедраҳои тибби судӣ, ТАБК, варзиши муолиҷавӣ ва тибби шарқ, акушерӣ ва гинекологии №2 ва бемориҳои кӯдакона   дидан намуда, бо донишҷӯён ва устодон сӯҳбатҳои муфид доир намуданд. Ҳамчунин, муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба донишҷӯён фаҳмонида шуд.

 

Ҷ.Қ. Муҳаббатов, декани факултети тиббӣ, д.и.т., профессор

11.01.2019     495

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php