Корҳои тарғиботӣ дар кафедра пурзур мешаванд

Корҳои тарғиботӣ дар кафедра пурзур мешаванд
Санаи 2 апрел муовини декани факултети тиббӣ Бурҳонова З.У. дар кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетикаи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” дар ҷаласаи кафедрагӣ бо иштироки мудири кафедра, дотсент Холбегов М.Ё. ва кураторони кафедра, доир ба чорабиниҳои пешгирии паҳншавии бемории сироятии СOVID -19 сӯҳбат гузарониданд. Муовини декан дар вохӯрӣ доир ба бемории сироятии СOVID -19 ба ҳозирин маълумоти мухтасар дода, ҳамаро барои бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати паҳншавии ин бемории хатарнок даъват намуданд. Муовини декан инчунин хушхабари дар тамоми минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудани ин бемориро расониданд. Ҳамагон дар ин масъала тарафдории худро нишон дода, ваъда доданд, ки ҳамарӯза донишҷӯёнро дар тарғиби тарзи ҳаёти солим, тарбияи тозагию саломатӣ ва хештаншиносию ватандӯстӣ тарбия мекунанд.
Декани факултети тиббӣ, д.и.т.,профессор Хоҷаева Н.М.
02.04.2020     242

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php