Конфронс оиди пешгирии беморӣ

Конфронс оиди пешгирии беморӣ
Санаи 9 апрели соли 2020 дар кафедраи Биологияи тиббӣ бо асосҳои генетикаи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” бо ташаббуси мудири кафедра дотсент Холбегов М.Ё. ва муовини декани факултети тиббӣ Бурҳонова З.У., ва кураторони кафедра Шахсуфбекова Н.Н, Азимова Г.Н., Ризоева О.А., ҲакимовС.А., Мирзоева М. Ҳурматова Р.Х. Каримова И.С., Носирова Д.С. ва Абдуллоев Д.А. дар толори лексионии Шаҳраки “Шифобахш” – мини-конференсия ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID -19-ро ташкил ва баргузор намуданд.
Дар конференсия бо иштироки донишҷӯёни гуруҳҳои кураторӣ дар бораи ин беморӣ маърузаҳо бо намоиши презентатсияҳо, роҳҳои пешгирӣ, тарзи тайёр намудани ниқоби яккарата ва бисёркаратаи тиббӣ маърӯзаҳои ҷолиб ва намоиши саҳначаҳо оиди роҳҳои сироятёбӣ гузаронида шуд. Конференсияро саволҳои омодашуда хело рангин намуд, ки донишҷӯён ҷавобҳои худро дар варақаҳо омада менавистанд ва барои ҷавоби дуруст соҳиби тӯҳфаҳо, аз ҷумла маҳлулҳои таъмизкунандаи спиртӣ, ниқобҳои яккарати тиббӣ, собун, рӯймолчаҳои яккаратаи спиртдор ва буклетҳои тарғиботӣ гардиданд. Конференсия дар як муҳити хело аҷиб гузашт, ки донишҷӯён барои худ як қатор маълумотҳои навро гирифтанд.
Декани факултети тиббӣ, д.и.т., профессор Хоҷаева Н.М.
10.04.2020     291

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php