Китоб ва маданияти мутолиаи он

Китоб ва маданияти мутолиаи он
Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи маърифату маданияти миллат мебошад. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати китобхонӣ, қавӣ намудани дониши ҷавонон ва наврасон, бо қарору амри Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ , Пешвои миллат, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҶТ як қатор ҳуҷҷатгузориҳо ва чорабиниҳо дар барори омӯзиши китобҳои илмию дарсӣ дар мактабҳои олӣ, таҳсилоти умумӣ доир ба мутолиаи китобҳои адабӣ аз ҷумлаи адибону нависандагони классик ва муосир пешниҳод гардидааст.
Аз ин лиҳоз дар МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” мутобиқи нақшаи кори тарбия ва бо мувофиқаи номгӯи асарҳои бадеӣ, ки дар дафтари инфиродии корҳои тарбиявии донишҷӯён дарҷ гардидааст, дар гуруҳҳои кураторӣ аз ҷониби мутасаддиҳои корҳои тарбиявии кафедраҳо як қатор корҳои тарбиявӣ гузаронида мешавад. Аз ҷумла ташриф ба китобхонаи Миллӣ ва донишгоҳӣ, дастрас ва мутолиаи адабиёти бадеии тавсияшуда дар корҳои беруназдарсии онҳо амалӣ шуда истодаат.
Санаи 11 ферали соли ҷорӣ дар баробари гузаронидани дарси тарбиявӣ куратори гуруҳи 48 курси 1-ӯми факултети тиббӣ, муовини декани факултети тиббӣ Бурҳонова З.У., дар китобхонаи донишгоҳӣ вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар ин ҷараён бо кӯмаки кормандони китобхона бо сарварии Хайруллоева С.Э. ва Мирзоева М.М., донишҷӯёни гуруҳ бо яке аз асарҳои тавсияшуда – “Дурдонаҳои аср”,ҷилди 3-юм мавриди мутолиа ва муҳокима қарор дода шуд. донишҷуён аз ҳаёт ва фаъолияти мутафаккирони бузурги форсу тоҷик А.Ҷомӣ, З.М Восифӣ аз наздик ошноӣ пайдо намуданд. Донишҷуёни гуруҳ нисбати мутолиаи асарҳои бадеӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, аз ашъори А.Ҷомӣ ғазалиёти зиёдеро хонда доданд. Чорабинӣ хело хуб аз ҷониби донишҷӯён пазируфта шуд. Онҳо дастури Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- ро сармашқи уори худ намуда ваъда доданд, ки ҳатман аз захираи маънави ва маърифатии классикону адибони муосир, дониши худро бой менамоянд.
Декани факултети тиббӣ, д.и.т.,профессор Хоҷаева Н.М.
14.02.2020     762

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php