Иштирок дар таҷлили Ҷашни Меҳргон

Ҷашни Меҳргон яке аз ҷашнҳои миллии қадимаи тоҷикон буда, бо дастгирии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳёи ифтихори миллӣ, тарбияи меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқати одамон, некукорӣ, қадр кардани ранҷи деҳқон ва ҷамъоварии ҳосили замин ва миннатдор будан аз он, ба шумор меравад. Ин ҷашни меҳнату баракат панчумин сол аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати калон ҷашн гирифта мешавад.
Санаи 13 октябри соли 2019 тибқи барқияи телефонии Вазорати маориф ва илми ҶТ 300 нафар донишҷӯёни курсҳои 1, 3 ва 5 МДТ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар Боғи фарҳангӣ фароғатии “Ирам” бо сарварии мудири шуъбаи тарбия а фарҳанги донишгоҳ Файзов Э.М., муовинони декани факултети тиббӣ Бурҳонова З.У., Мансуров Ҳ.Н., Ахмедов Ф.С., Иргашева Ҷ.З., иштироки фаъолона доштанд. Чорабинӣ ба ҷашни миллии Меҳргон ва Иди Нон бахшида шуда буд. Аз ин ҷашн ва тамошои маҳсулоти нонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, донишҷӯёни мо дидан намуда, ба худ таассуроти зиёде гирифтанд. Иштирокчиёни чорабинии Иди Нон тамоми маҳсулоти нонии миллии қадима ва муосири тоҷикиро ба маърази тамошо ва истифодаи ҳозирин гузошта буданд.
Чуноне, ки дар гуфтаҳои Манучеҳри Домғонӣ бармеояд:
Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон,
Пурфайз бод хони Шумо, аз нуру нори арғувон...
Дар мавзӯи ҷашни Меҳргон шоирони бузурги классик Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Унсури Фаррухӣ ва Низомию дигарон мақсаду моҳияти онро шарҳдода, мардумро барои бо меҳру муҳаббати хоса, нияти пок ҷашн гирифтан даъват намудаанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ ин ҷашни қадима нафаси тоза гирифт, ки ин ҳам ба шарофати Истиқлолият ва дастгирии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҷашни меҳру муҳаббат, ҳам меҳнату баракат ба ҳама муборак бошад!
Бурҳонова З.У., муовини декани факултет оид ба тарбия

21.10.2019     313

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php