Интихоби касб – интихоби либос
Либос бо тарзи ҳаёти мо, кори мо робитаи зич дорад, аз ин рӯ бояд мувофиқи матлаб буда, ба кори инсон, ба истироҳати ӯ ёрӣ расонад. Хусусан либоси махсуси тиббӣ барои донишҷўён (хилъат ва кулоҳи сафед) ва либоси тиббии кормандони соҳаи тиб аз ҳам фарқ мекунанд. Ин гуна либосҳо, ки шахс вақти зиёди худро дар давоми рўз мегузаронад, бояд шинам ва мувофиқ буда, он бояд аз матои аз ҷиҳати экологӣ тоза омода карда шуда бошад.
Либосҳое, ки барои ташриф овардан ба театр, консерт ва чорабиниҳои фарҳангӣ - фароғатӣ, ҷашнҳои иду маросимҳо тавсия дода мешавад, бояд низоми муайяни худро дошта бошанд. Либоси хидматӣ ба шароити корӣ бояд мусоидат намояд. Он бояд аз матои табиӣ омода шуда, барои ҳаракатҳои касбӣ мувофиқ бошад.
Вазорати мориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоби либосро барои донишҷўён мутобиқи дастури намунавии либосҳои дар соҳаи таълиму тарбия тавсияшуда иҷозат додааст. Дар ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино овезаҳои махсус ҳастанд, ки тарҳи намунаҳои 15-20 сарулибоси писарона ва духтарона вобаста ба фаслҳои сол нишон дода шудааст.
Дар баробари сару либос пойафзолҳои ҷавонони имрўза низ ташвишовар аст. Ин гуна пойафзолҳо (кроссовки) аз ҷиҳати истифодабарӣ вақту соати муайянро дорад, яъне бояд онҳоро дар вақти машқҳои варзишӣ дар муддати 1-2 соат пўшидан мумкин аст. Мутаассифона донишҷўёни мо пойафзоли худро дар муддати аз 4 то 10 соат ба бар мекунанд. Дар дохили чунин пойафзол барои инкишофи замбуруғи пўст муҳити хуби зиндагӣ фароҳам оварда мешавад. Бинобарин сари ин масъала бояд ҳар як нафар фикру андеша намояд. Интихоби сару либос бояд ба мо ва ҷараёни таҳсилу фаъолияти кори нороҳатӣ наорад. Дар фасли гарми сол пўшидани либосҳо аз матои сунъӣ омода шуда, пойафзолҳои номуносиб, бастани рўймолҳои пашмӣ чӣ қадар организмро ба ҳолати ногувор оварда мерасонад.
Декани факултети тиббӣ
д.и.т.,профессор Хоҷаева Н.М.
Муовини декани факултети тиббӣ
оиди корҳои тарбиявӣ Бурҳонова З.У.
04.10.2019
1024