Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ

Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ
Деканати факултети тиббӣ тасмим гирифтаст, ки мутобиқи нақша-чорабиниҳои донишгоҳӣ ва факултетӣ, ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории коронвирус COVID – 19 бо донишҷӯёни тамоми курсҳои факултет суҳбату вохӯриҳо гузаронад. Инчунин оиди омода намудани волентерҳо аз қабили донишҷӯёни курсҳои болоӣ (5-6) барои корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни донишҷӯёни курсҳои поёнӣ ва аҳолии ш.Душанбе бо иштироки мутахассисон семинарҳо ташкил намоянд.
Санаи 27 марти соли 2020 муовинони декани факултети тиббӣ Бурҳонова З.У, Раҳимова Д.С., Мансуров Ҳ.Н. ва Ахмедов Ф.С. аз кафедраҳои бемориҳои сироятӣ, бемориҳои ҷарроҳии №2 ва ТАБД дидан намуда, бо донишҷӯёни курсҳои 5-6 сӯҳбату вохӯриҳо баргузор карданд. Хусусан сӯҳбат бо устодони кафедраи бемориҳои сироятӣ оиди бештар намудани маълумотнокии донишҷӯён оиди ин беморӣ ва дар мавриди зарарурӣ омода намудани онҳо барои иштирок дар гузаронидани чораҳои пешгирии паҳншавии бемории коронавирус COVID – 19 саҳм гузоранд. Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ бояд кард!
Декани факултеи тиббӣ, д.и.т., профессор Хоҷаева Н.М.
31.03.2020     306

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php