Донишҷуён осори бадеӣ мутолиа менамоянд

Донишҷуён осори бадеӣ мутолиа менамоянд
Дар кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика дар гурӯҳҳои кураторӣ, мутолии китобҳои бадеиро ба роҳ мондаанд. Бо ин мақсад куратори гурӯҳи 48, курси 1-уми факултети тиббӣ Бурҳонова З.У. дар ҳамкорӣ бо китобхонаи донишгоҳӣ ба донишҷӯён мутолиаи беҳтарин асарҳои классикони тоҷикро тавсия намуд, ки дар ҷараёни дарсҳои тарбиявӣ аз рӯи онҳо суҳбат гузаронида мешавад.
Бо ин мақсад дар навбати аввал донишҷӯёни гурӯҳ китоби “Дурдонаҳои наср”, ҷилди 3, шеъру ғазалиёти З.М.Восифӣ ва Камоли Хуҷандӣ, рубоиёти Умари Хайём, асари безаволи А.Фирдавсӣ “Шоҳнома” ва китоби Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон “Зиндагӣ аз модар сар мешавад”-ро мутолиа намуда, аз ин асарҳои безавол ба худ андарзҳои зиёде бардоштанд.
Дар дарсҳо ҳини шиносоӣ ва мутолиаи ин асарҳо аксарияти донишҷӯён аз осори ин бузургони хирад баҳраҳо бардошта, дар бораи ин шахсони бузург маълумотҳои зиёде ба даст оварданд.
Декани факултети тиббӣ, д.и.т.,профессор Хоҷаева Н.М.
13.03.2020     324

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php