Cанҷидани раванди корҳои тарбиявӣ

Cанҷидани раванди корҳои тарбиявӣ

Барои пешравӣ ва тақвият бахшидан ба раванди тарбия дар МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» диққати ҷиддӣ дода мешавад. Тибқи ҷадвали дарсии аз ҷониби Шуъбаи таълим пешниҳод гардида, дар курсҳои 1 ва 2  соатҳои тарбиявӣ ҷудо карда шудааст. Инчунин  барои  чорабиниҳои беруназдарсӣ  мавзӯъҳо пешниҳод карда шудааст, ки дар тарбияи  меҳанпарастӣ, ватандӯстӣ,  пос доштани  хотири ниёгон донишҷӯён  нақши муҳим мебозад.

Санаи 5 ноябри соли 2019 муовини  декани факултети тиббӣ Бурҳонова З.У. бо мақсади   санҷидани раванди корҳои тарбиявӣ дар кафедраҳои марбути факултети тиббӣ аз кафедраҳои химияи биоорганикӣ дидан намуданд.

Саркуратори кафедраи химияи биоорганикӣ  устод Шарипова К.Ш.  ҳуҷҷатгузории корҳои тарбиявиии кафедраро пешниҳод намуда, оиди навбатдории кафедра дар хобгоҳҳои донишгоҳ ва чорабиниҳои беруназдарсӣ маслиҳатҳо пурсиданд.  Бо аксарияти устодон – кураторони гуруҳҳо суҳбатҳо оиди риояи «Дастурамали либосҳои   тавсиявӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ  ва кормандони соҳаи маориф», тарбибу интизоми донишҷӯён дар ҷараёни дарсҳо, ҳурмату иззати устодон, калонсолон муносибати дӯстона байни якдигар, риояи қоидаҳои дохилидонишгоҳӣ, истифодаи самараноки шабакаҳои  интернетӣ, истифода набурдани телефонҳои  мобилӣ дар  раванди дарсҳо ва роҳравҳои  биноҳои таълимӣ, ба  донишгоҳ бо мошинҳои шахсӣ ба дарс наомадан, худро  аз шомишавӣ ба гуруҳҳои  ифродӣ дур гиранд, худро дар руҳияи ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ тарбия намуда, пос доштани мероси ниёгон  ва ҳифзи марзу  буми ватан ҳамеша омода бошанд.

Н.М.  Хоҷаева, декани факултети тиббӣ, д.и.т., профессор 

13.11.2019     341

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php