Баррасии Паёми Пешвои миллат дар хобгоҳи №5

Баррасии Паёми Пешвои миллат дар хобгоҳи №5
Бо ташабусси муовинони декан оид ба тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда Иргашева Ҷ.З. ва оид ба тарбия Мансуров Ҳ.Н., Арабзода С.Н. ва Ахмедов Ф.С. санаи 7-уми январи соли 2020 дар хобгоҳи №5 вохӯрии навбатӣ бо донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда баргузор гардид. Мақсади асосии вохурӣ баррасии бандҳои Паёми навбатии Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутааллуқ ба системаи маориф ва тандурустӣ, таҷлили ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ, рӯй овардан ба адабиёти бадеӣ, шукр кардан ба неъматҳои даврони истиқлолияти Ватани азиз ва сӯҳбат атрофи супоридани имтиҳону санҷишҳо дар МЯТ ва дарсҳои триместрӣ дар кафедраҳо буд. Дар рафти вохӯрӣ бо донишҷуён масъулин баромад намуда, оид ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим ва тарбия, бомувафақият супоридани имтиҳонҳои сессияи зимистона ва иштироки ҳатмии донишҷӯёни ба триместр роҳёфта маълумот расонида шуд. Тарзи нави супоридани имтиҳонҳо дар компютерҳо ва планшетҳои махсус низ бо пуррагӣ ба донишҷӯён фаҳмонида шуд. Дар рафти сӯҳбат аз ҷониби донишҷӯён андешаҳо ва саволҳои гуногун пешниҳод гардиданд, ки ба ҳар яки онҳо ҷавобҳои мушаххасу фаҳмо посух дода шуд. 
Деканати факултети тиббӣ
08.01.2020     251

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php