Оғози давраи якуми имтиҳони хатми давлатӣ дар факултети стоматологӣ

Оғози давраи якуми имтиҳони хатми давлатӣ дар факултети стоматологӣ

Санаи 1 май давраи аввали имтиҳони хатмкунии давлатӣ (малакаҳои амалӣ) барои хатмкунандагони курси 5-уми факултети стоматологӣ мувофиқи ҷадвали имтиҳонҳои давлатии хатмкунӣ дар соли хониши 2018-2019 аз рӯи ихтисоси «Стоматология» дар «Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ»  гузаронида шуд. 

Барои давраи якуми аттестатсияи давлатии хатмкунандагон зиёда аз 1300 номгӯй саволҳои малакаҳои амалии касбӣ пешниҳод шуда,  аз онҳо 10  саволҳои малакаи амалии касбӣ барои ҳар як билет интихоб карда шуд, ки онҳо аз рӯи тахассуси стоматология чунин тақсим шудаанд: 

- стоматологияи муолиҷавӣ

- стоматологияи ортопедӣ

- стоматологияи кӯдакон ва ортодонтия 

- ҷарроҳии ҷоғу рӯй

Номгӯи малакаҳои амалии касбии имтиҳонӣ ба барномаҳои амалкунандаи таълимӣ мувофиқ буданд. Ба давраи якуми аттестатсияи давлатии хатмкунандагон, ки аз иҷрои малакаҳои амалии стоматологӣ иборат аз 10 савол буд ва аз тарафи комиссия то 30 хол баҳогузорӣ мешуд, 135 нафар ҳозир шуданд.

Аз рӯи натиҷаи давраи аввал холи миёна 25,5 мебошад.

Аз 135 нафар хатмкунандагон 68 нафар (50,4%) донишҷӯён соҳиби 28-30 холҳои максималӣ гаштанд. Инчунин 32 нафар (23,7%) донишҷуён низ даври 1-ми (малакаҳои амалӣ) имтиҳони давлатиро дар сатҳи хуб супорида, соҳиби 24-27 хол гаштанд.

Ба имтиҳон аъзоёни раёсат ташриф оварда, бо рафти он шинос шуданд ва омодагии хуби деканат, кафедраҳои тахассусӣ ва Маркази омӯзиши малакаҳои амалиро қайд намуданд.

Ю.Ҳ. Иброҳимов,   декани факултети стоматологӣ, н.и.т    

04.05.2019     7

Гузариш ба саҳифаи: