Давраи дуюми имтиҳони хатми давлатӣ дар факултети стоматологӣ

Давраи дуюми имтиҳони хатми давлатӣ дар факултети стоматологӣ

Санаи 10-11 май давраи дуюми имтиҳони хатмкунии давлатӣ (шифоҳӣ) барои хатмкунандагони курси 5-уми факултети стоматологӣ гузаронида шуд. 

Ба давраи дуюми аттестатсияи давлатии хатмкунандагон, ки аз 6 савол иборат буд ва аз тарафи комиссия то 30 хол баҳогузорӣ мешуд, 135 нафар ҳозир шуданд.

Аз рӯи натиҷаи давраи дуюм холи миёна 25,8 мебошад.

Аз 135 нафар хатмкунандагон 67 нафар (49,6%)  донишҷӯён соҳиби 28-30 холҳои максималӣ гаштанд. Инчунин, 31 нафар (23,0%) донишҷуён низ даври 2-юми (шифоҳӣ) имтиҳони давлатиро дар сатҳи хуб супорида, соҳиби 24-27 хол гаштанд.

Ба имтиҳон аъзоёни раёсати донишгоҳ, кормандони Вазорати маориф ва илми ҶТ, Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ташриф оварда, бо рафти он шинос шуданд ва омодагии хуби деканат ва кафедраҳои тахассусии факултети стоматологиро қайд намуданд.

Ю.Ҳ. Иброҳимов,   декани факултети стоматологӣ, н.и.т

13.05.2019     8

Гузариш ба саҳифаи: