Таърихи Факултети педиатрӣ

Нимаи дуюми асри 20 дар ҷумҳириамон зарурат ба омадасозии кадрҳои тибӣ-педиатрӣ беш аз пеш афузд. Он вақтҳо аз сабаби набудани факултаи педиатрӣ дар донишгоҳ табибон-педиатрҳо аз ҳисоби донишҷуёни факултаи муолиҷавӣ бо роҳи таъсиси субординатура дар назди кафедраи бемориҳои кудакона тайёр карда мешуданд, ки ин кор аз соли 1941 ба роҳ монда шуда буд.
Дар соли таҳсили 1958-1959 бари аввал факултаи педиатрӣ таъсис дода шуд, ки ба он дотсент А.М. Пилосов сарвари мекард. Бояд гуфт, ки мавсуф дар ташкил ва рушди факултет нақши босазо гузоштааст. Бо мақсади вусъат бахшидани раванди омодасозии табибон- педиатрҳо аз ҳисоби беҳтарин донишчуёни факултаи муолиҷавӣ курсҳои 2 ва 3-и факултаи педиатрӣ ташкил шуд.
Худи ҳамон сол аввалин қабули мустақилонаи 76 нафар донишҷуён гузаронида, аввалин кафедраи факултети педиатрӣ таъсис дода шуд, ки ба он Г.Е. Левина роҳбарӣ мекард. Баъдтар соли 1964 боз 2 кафедра- бемориҳои дарунӣ (мудираш М. Х. Бобохоҷаев) ва ҷароҳии кӯдакон (мудираш А.Т. Пӯлодов) таъсис ёфтанд.
Ба ҳайси декани факултет чунин олимони на танҳо дар дохили ҷумҳури балки берун аз он машҳури соҳаи тиб, ба мисли дотсент Н. Ҳ. Ҳошимов, профессор Ф.А. Абдураҳмонов, профессор Ю. И. Датхоев, дотсент М.К. Каримов, прфессор Н.Ф. Файзуллоев, Э.С. Шерматов фаъолияти пурсамар анҷом доданд. Аз соли 1996 бо сабаби муттаҳидсозии факултетҳои муолиҷавӣ ва педиатрӣ ин вазифаро дотсет Р.Ш. Ашурова ва баъдтар дотсент Л.А. Бобоева ба зима доштанд. Дар соли таҳсили 2014-2015 дар донишгоҳ фаъолияти факултети педиатрӣ аз нав ба роҳ монда шуд ва роҳбарии факултетро прфессор М.С. Табаров ба ӯҳда дорад.
Дар тӯли фаъолияти факултети педиатрӣ донишгоҳ бештар аз 6000 нафар табибон- педиатрҳо тарбия намуда, ба хизмати халқу Ватан сафарбар намудааст. Айни замон дар кафедраҳои педиатрӣ олимон- профессорон ва дотсентоне фаъолият менамоянд, ки дар рушди инкишофи соҳаи педиатрии мамлакат нақшаи босазо гузоштаанд. Ба инҳо профессрон А.М. Миракилова, З.Я. Яъқубова, Н.Ф. Файзуллоев, К.И. Исмоилов, А.А.Азизов, М.Н. Ҷураев, В.Н. Шиголев, З.К. Умарова мисол шуда метавонад. Ин ҷо аз хизматҳои бузурги профессроне, ки ба монанди С.М.Яъқубова , Б.Я. Вялушкин, З.Я.Абдуллоҳоҷаев, А.Т. Пӯлодов ва С.Б. Бобоев низ ёдовар шудан лозим аст. ки тамоми ҳаёти худро ба соҳаи педиатрии донишгоҳ бахшида дар давраҳои гунонун кафедраҳои факултетро роҳбарӣ карданд.
11.12.2018     10

Гузариш ба саҳифаи: