Таҳлили натиҷаи сессияи тобистона бо донишҷўёни курси 5-уми факултети НТҶ дар соли 2019-2020

Таҳлили натиҷаи сессияи тобистона бо  донишҷўёни  курси 5-уми факултети НТҶ дар соли 2019-2020
Санаи 12.09 соли 2019 декани факултети нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ Саидзода Б.И. бо донишҷўёни курси 5-уми факултети НТҶ маҷлиси курсӣ гузаронида оид ба масъалаҳои зерин суҳбат барқарор кард:
1. Таҳлили натиҷаҳои сессияи тобистонаи соли таҳсили 2018-2019 ва хулосаи он.
2. Ворид кардани журнали электронӣ ва ҷароёни таҳсил дар Донишгоҳи тиббӣ.
3. Оид ба дастовардҳо дар 28 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор даровардани агрегати дуюми НБО-и Роғун.
4. Инчунин оид ба риояи тартиботи дохилии донишгоҳӣ ва шомил нагардидан ба гурўҳои ифродгароӣ, эктремизм ва терроризм бо донишҷўён сўҳбатҳо гузаронида шуд.
Дар ҷамъбаст оид ба ахлоқу интизом ва баланд бардоштани ҳисси ватанпарварию миллатпарварӣ, гиромӣ доштани муқаддасоти миллӣ, садоқат ба ватану халқи азизамон таъкидҳо карда шуд.
Деканати факултети НТҶ
н.и.т. дотсент: Саидзода Б.И.
25.09.2019     339

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php