«Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

«Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Деканати факултети НТҶ бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», санаи 15.11 соли 2019 бо роҳбарии декани факултет н.и.т. дотсент Саидзода Б.И. бо донишҷӯёни курсҳои 4,5,6 чорабинӣ гузаронида, маҷлисро оғоз намуда, тамоми донишҷӯёнро бахшида ба ин санаи муҳими таърихӣ табрику шодбош намуда ба онҳо дар хонишу кори фаъолияташон комёбиҳо таманно намуд. Ҳамчунин декани факултет зикр сохт, ки дар солҳои ҷангҳои хонумонсӯз яке аз мардони бонангу ори миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро рӯйи каф гузошта, дар 16 – уми Шӯрои олии кишвар баромад намуд, мардуми шарифи Тоҷикистон аз ин хатари нестшавӣ ва ҷаҳолат раҳонид. Маҳз ғамхориҳои сарвари давлат аст, ки мо имрӯз дар ҳавои софу осоиштаи ватан кору фаъолият намудаистодаем.
Донишҷӯи курси 6-ум Маҳмадҷонов дар мавзӯъи «Пайравони Пешвои миллатем!» маърӯзаҳо намуда дар васфи Пешвои миллат шеърҳо қироат карданд. Дар ҷамъбаст декани факултет донишҷӯёнро дар рӯҳия хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва дӯст доштани ин Ватани аҷдодӣ даъват намуд.
18.11.2019     372

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php