Маҷлиси курсии донишҷўёни курси 1-уми факултети НТҶ дар соли 2019-2020

Маҷлиси курсии донишҷўёни  курси 1-уми факултети НТҶ дар соли 2019-2020
Санаи 13.09 соли 2019 декани факултети нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ Саидзода Б.И. бо донишҷўёни курси 1-уми факултети НТҶ маҷлиси курсӣ гузаронида масъалаҳои зеринро баррасӣ кардааст:
1. Оид ба ҷараёни таҳсил дар низоми кредитӣ ва ворид шудани журнали электронӣ.
2. Ҷашни 28-уми солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор даровардани агрегати дуюми НБО-и Роғун.
3. Инчунин оиди сатҳу сифати донишандўзӣ, давомот ба дарсҳо, риояи тартиботи дохилии донишгоҳӣ, аҳлоқу интизом, иштирок дар чорабиниҳо ва шомил нагардидан ба гурўҳои ифродгароӣ, эктремизм ва терроризм донишҷўён сўҳбатҳо гузаронида шуд.
Дар фарҷом оид ба ахлоқу интизом ва баланд бардоштани ҳисси ватанпарварию миллатпарварӣ, гиромӣ доштани муқаддасоти миллӣ, садоқат ба ватану халқи азизамон таъкидҳо карда шуд.
Деканати факултети НТҶ
н.и.т. дотсент: Саидзода Б.И.
25.09.2019     366

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php