Сайри гули лола

Сайри гули лола

«Сайри гули лола» як рукни таърихии ҷашни Наврӯзи оламафрӯз буда, эҳёи суннати мазкур дар самти дӯст доштани табиат ва зебоипарастии мардум нақши муассир дорад. Санаи 5-уми апрели соли равон бахшида ба фестивали «Сайри гули лола» дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Аҳмади Дониш ҷамъомади ботантана ва барномаи калони фарҳангӣ баргузор шуд. Дар чорабинии мазкур як қатор донишҷӯёни фаъоли факултети тиббӣ ба намояндагӣ аз ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, таҳти роҳбарии муовинони декан Зуҳурова П.М., Иргашева Ҷ.З., Истамова З.Ҳ. ва Мансуров Ҳ.Н. бо либосҳои миллии атласу адрас ва чакан ба бар, иштирок намуданд. Дар қисмати фарҳангии фестивали «Сайри гули лола» донишҷӯёни мо фаъолона иштирок намуданд. Ҳамзамон, мусоҳибаи донишҷӯён бо намояндагони шабакаҳои телевизионӣ сурат гирифт.

                                      Деканати факултети тиббӣ

08.04.2019     18

Гузариш ба саҳифаи: