Захираҳои нав!

Захираҳои нав!

Муҳтарам хонандагони китобхонаи илмӣ!

Ба диққати Шумо захираҳои нав - пойгоҳҳои мукаммалматнро пешниҳод менамоем:

Research4life -ҳамкории панҷ барнома, аз қабили HINARI ,AGORA, OARE , ARDI и GOALI мебошад:

Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ-ВОЗ);

Ташкилоти хӯрокворию кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ТХК-ФАО);

Ташкилоти умумиҷаҳонии оид ба муҳити зист ( ТУМЗ-ЮНЕП);

Ташкилоти умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (ТУМЗ-ВОИС);

Ташкилоти умумиҷаҳонии кор (ТУК-МОТ

Ҳадафи Research4life :

дастрасӣ ба пажӯҳишҳои муҳим; ба ин васила

коҳиш додани фосилаи мавҷуд дар байни кишварҳои сатҳи даромадашон нисбатан баланд бо кишварҳои сатҳи даромадашон нисбатан паст;

дастрасӣ: http://login.research4life.org/tacgw/login.cshtml

HINARI -Яке аз нахустин барномаҳои Research4life -  Hinari.

Hinari, дастрасӣ ба яке аз бузургтарин куллиёти ҷаҳонии адабиёти биологию тиббӣ ва адабиёти вобаста ба саломатиро дар ихтиёрамон мегузорад. Дорои 15000 номгӯй маҷалла (ба забонҳои гуногун),   60000 адабиёти электронӣ, ҳудуди 105 захираи дигари иттилоотии соҳаи тибро дар бар мегирад.

AGORA дастрасӣ ба барҷастатарин захираи электронии китобхона дар заминаи хӯрокворӣ, илм оид ба муҳити зист буда, колексияи мазкур аз 13700 маҷаллаи илмӣ ва 16800 китоб иборат мебошад.

OARE барои муассисаҳои таълимӣ, таҳқиқотӣ ва давлатӣ дастрасии таҳқиқотҳои оиди муҳити зист ва риштаҳои бо якдигар вобаста муяссар месозад. Ҳудудан дастрасӣ ба коллексияи 11500 маҷаллаи илмӣ, 27000 китоби электронӣ, 40 пойгоҳи маълумот ва захираҳои дигари иттилоотиро дар бар мегирад.

ARDI- барномаи «дастрасӣ ба таҳқиқотҳои илмӣ ба манзури рушду инноватсия» (ARDI) буда,   дастрасии 30000 маҷалла, китоб ва маводи маълумономавиро пешниҳод менамояд.

GOALI - Дастрасӣ ба иттилооти ҳуқуқӣ- маҷаллаҳои илмӣ ва тахассусии тақризшавнда, таълифот ва пойгоҳи маълумотҳо оид ба бахшҳои ҷузъиву ҷудогонаи ҳуқуқ, ки ба нашриётҳои мум-тозу ҷаҳонии таълимӣ тааллуқ доранд, ҳамагӣ дастрасанд.

дастрасӣ: http://login.research4life.org/tacgw/login.cshtml

Китобхонаи илмии донишгоҳ бо ПМ Research4life   шартнома дорад.

Барои гирифтани ном ва калид ба китобхонаи илми (утоқи №206), муроҷиат намоед.


14.03.2019     112