Вазъи забони давлатӣ дар фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи кишвар

Иттилоъ медиҳем, ки кумита 20-уми июни соли 2019 конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар мавзӯи «Вазъи забони давлатӣ дар фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи кишвар» бо иштироки олимону донишмандон ва рӯзноманигорони кишвар ба нақша гирифтааст.

Барои иштирок дар конференсия матни маърӯзаро то 30-юми майи соли 2019 ба нишонаи мо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25, ошёнаи 3-юми бинои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ё ин ки почтаи электронии Кумита kumitaizabon@mail.ru пешниҳод намоед.


07.04.2019     41