«Технологияи муосири ташаккули салоҳиятнокии касбӣ-педагогии омӯзгор»

Тибқи «Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмиву техникӣ, конференсия, симпозиум, анҷуман ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» санаҳои 24-25-уми майи соли 2019 дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Технологияи муосири ташаккули салоҳиятнокии касбӣ-педагогии омӯзгор» (бахшида ба солҳои «Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021») баргузор мегардад.

Самтҳои асосии фаъолияти конфронс:

1.     Масъалаҳои ташаккули салоҳияти касбӣ-педагогии омӯзгори оянда;

2.     Назария ва методикаи таълими силсилаи фанҳои тахассусӣ;

3.     Татбиқи муносибати босалоҳият дар таълими силсилаи фанҳои тахассусӣ (аз таҷриба);

4.     Бозёфтҳои муосир дар соҳаи илмҳои педагогӣ.

Забони конфронс: тоҷикӣ ва русӣ.

Нишонаи электронии зерин барои ирсоли мақола:

sharofzod54@mail.ru

bohir-1988@mail.ru


14.03.2019     114