Низоми кредитии таҳсилотро меомӯзем

Низоми кредитии таҳсилотро меомӯзем

13-уми март бо ташаббуси шуъбаи таълим дар кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионӣ семинар оиди «Низоми кредитии таҳсилот» баргузор гардид.

Дар семинар мудирон ва ассистентони таълимии кафедраҳое, ки соли ҷорӣ тибқи низоми кредитии таҳсилот бояд таълим диҳанд иштирок намуданд.

Сараввал мудири кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионӣ д.и.ф-м., профессор Шерматов Д.С. ҳозиринро ба «Наврӯзи оламафрӯз» сидқан муборакбод намуд.

Баъдан Шерматов Д.С. бо презентатсия оиди «Низоми кредитии таҳсилот» баромад намуд.

Дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино соли сеюм аст, ки аз рӯйи ҳама намуди ихтисосҳо низоми кредитии таҳсил ҷорӣ гашта, он марҳила ба марҳила идома меёбад.

Марҳилаи гузариш ба низоми кредитӣ хеле тӯлонӣ буда, омодасозии тамоми расмӣ, яъне барномаву маводҳоро дар бар мегирад.

Раванди таълим ба асоси низоми кредитии таҳсилот тибқи барнома ва нақшаҳои намунавию таълимие, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, дар донишгоҳ сурат гирифт. Дар ин муддат ҷиҳати таҳияи барномаҳои таълимӣ-методӣ семинарҳои омӯзиши барои устодони кафедраҳо ҳамзамон бо давраи гузариш баргузор гаштанд.

Дар анҷоми семинар ба саволҳои устодон ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Шуъбаи таълим



19.03.2019     87