Мусобиқаи гуштини миллӣ дар донишгоҳ

Бахшида ба иди Наврӯз 16 - уми марти соли 2019 дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино мусобиқаи гуштини миллӣ аз рӯйи вазнҳои (55-65, 65-75, 75-85, 85+) гузаронида мешавад. Дар ин мусобиқа донишҷӯёни курсҳои аз 1 то 6 – и ҳамаи факултетҳо метавонанд иштирок ва қувваозмоӣ намоянд. Муайян кардани вазни иштирокчиёни мусобиқа рӯзи 16 - уми марти соли 2019 аз соати 10:00 то 12:00 баргузор мегардад.

Оғози мусобиқа соати 12:00 дар назди бинои нави таълимӣ, воқеъ дар шаҳраки “Шифобахш” (Қараболо)

Маълумоти иловагӣ бо телефонҳои: 93-344-74-70, 98-720-74-70.

Шуъбаи кор бо ҷавонон

Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ


14.03.2019     55