Масъалаҳои мубрами Шарқи Наздик ва Миёна: раванди сулҳофаринӣ ва мубориза бо терроризм

Иттилоъ медиҳем, ки дар асоси иҷозати Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ (№33 аз 15.03.2019) Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 18-уми июни соли 2019. Конференсияи байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами Шарқи Наздик ва Миёна: раванди сулҳофаринӣ ва мубориза бо терроризм» бо даъвати олимону муҳаққиқон аз давлатҳои Аврупо, Афғонистон, Эрон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор менамояд. Конференсия дар толори маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Забони кории конференсия: тоҷикӣ, русӣ, арабӣ ва англисӣ.

Рақамҳои телефон барои тамос: (+992) 92-704-09-08, : (+992) 919-81-02-12


03.04.2019     33