Бюллетени адабиёти нав

Муҳтарам хонандагони китобхонаи илмӣ! Ба диққати Шумо бюллетени адабиёти нав пешниҳод карда мешавад.

Бюллетени адабиёти нав(PDF)

Нишондиҳандаи библиографии мазкур «бюллетени адабиёти нав» барориши №1  нашрияҳоеро дар бар мегирад, ки ба китобхона  дар семоҳаи якуми  соли 2019 ворид гардидаанд.

Мақсади нишондиҳандаи библиографӣ- ба хонандагон пешниҳод намудани маълумоти фаврӣ оид ба ҳамаи нашрияҳои ба китобхонаи донишгоҳ воридшуда мебошад.

Бюллетен дар асоси маълумотҳои феҳристи электронӣ тартиб дода шуда, қайдҳо бо истифодаи формати муносиби АБИС ИРБИС гузаронида шудаанд. Мавод  мураттабан аз рӯи ҷадвали УДК  ва ББК  ва дар дохили  қисмҳо аз рӯи алифбо,   ҷо ба ҷо гузошта шудааст.

Дар нишондиҳанда нашрияҳо оид ба тиб дар аввал, баъд аз он адабиётҳои дигар соҳа ҷой карда шудаанд. Тасвири библиографӣ мутобиқи «ГОСТ: 7.1-2003 «Библиографическая запись. Библиогра-фическое описание» оварда шудааст. Қайдҳо,  тасвири библиографии нашрияҳо, шифри китоб, УДК, ББК, нишони муаллифӣ, ҷои нигоҳдорӣ ва  шумораи нусхаро, дар бар мегирад.

Бюллетен варианти чопии нашрияҳо: адабиёти таълимӣ, дастурҳои таълимию-методӣ, адабиёти илмӣ, рисолаҳои илмӣ, адабиёти бадеӣ, ки ба китобхона ворид шудаанд ва ба кормандони илм, муаллимон ва донишҷуёни донишгоҳ тавсия шударо дар бар гирифта, аз он ҷумла (инчунин) дар корҳои маълумотӣ-библиографӣ ва иттилоотӣ  истифода бурдан мумкин аст.


29.04.2019     44