Ба диққати донишҷӯён, омӯзгорони ҷавон, аспирантҳо ва унвонҷӯён

Санаи 10-уми апрели соли 2019, соати 09.00 дар бинои Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и  Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат дар мавзӯи “Асосҳои моликиятӣ зеҳнӣ” баргузор мегардад. Донишҷӯён ва олимони ҷавон, ки ба фаъолияти навоварию ихтироъкорӣ шавқу рағбат доранд, дар семинар барои бардоштани дараҷаи маълумотнокӣ метавонанд иштирок намоянд.

Хоҳишмандон маълумоти бештарро ҷиҳати иштирок дар семинар аз шуъбаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дастрас намоянд.

 

Шуъбаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ



04.04.2019     52