Истиқлоли давлатӣ дар соҳаи роҳу нақлиёти мамлакат ислоҳот ба бор овард!

Истиқлоли давлатӣ дар соҳаи роҳу нақлиёти мамлакат ислоҳот ба бор овард!

Дар марҳилаи нави таърихии рушди иқтисодиёти мамлакат нахуст зарурати аз нав бунёд намудани инфрасохтори нақлиётӣ ба миён омад ва роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишварро яке аз самтҳои стратегӣ қарор дод. Самараи ин дурнамо аз бузургтарин муваффақияти халқи тоҷик аст, ки бо шарофати он Тоҷикистон имрӯз ба як қаламрави воқеан воҳид табдил ёфта, рафтуомади озодонаи сокинони ҳамаи минтақаҳои кишвар ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар чор фасли сол таъмин аст. Дар шароити Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ аҳаммияти бузург доранд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат беш аз 2100 километр роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингарди дохилӣ бунёду таҷдид карда шуданд.Танҳо соли 2018 сохтмону таҷдиди қариб 200 километр роҳи дохиливу байналмилалӣ ва 45 пул ба анҷом расонида шуд.

Бояд гуфт, ки Истиқлолияти давлатӣ дар соҳаи роҳу нақлиёти мамлакат ислоҳоти ҷиддиеро ба бор овард. Дар ин давра, таҷдид ва ба истифода додани нақбҳои «Озодӣ», «Истиқлол», «Хатлон» ва «Шаҳристон», роҳҳои автомобилгарди «Душанбе - Бӯстон - Чанак», «Душанбе - Нуробод – Лахш - Саритош», «Душанбе-Данғара» 6 пули мошингузар дар болои дарёи Панҷ, роҳи оҳани Душанбе–Хатлон, роҳҳои мошингарди Душанбе – Турсунзода, Айнӣ – Панҷакент, Восеъ – Ховалинг, таҷдиду навсозии роҳҳои пойтахт ва бунёди эстакадаҳо дар шаҳри Душанбе гувоҳи олии рушди соҳаи роҳсозӣ дар кишвар буда, дар натиҷаи он Тоҷикистон ба як қаламрави воҳид табдил ёфта, рафтуомади доимӣ ба тамоми минтақаҳои мамлакат ва дар чор самт ба давлатҳои ҳамсоя таъмин гардид. Махсусан тайи солҳои охир дар натиҷаи бунёди шоҳроҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва пайвастани Тоҷикистон бо роҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, кушода шудани роҳи оҳан ва 16 гузаргоҳи сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт ва ҳадафи дуюми стратегиамон амалӣ гардид.

Аксарияти тарҳҳои Тоҷикистон хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ дошта, дастрасии ҷумҳуриро ба бандарҳои баҳрӣ ва шоҳроҳҳои транзитии дигар кишварҳо таъмин хоҳанд кард. Роҳҳои оҳану мошингарди Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои роҳсозии ҷаҳонӣ сурат гирифта, аз ҷониби ташкилоту коршиносони байналмилалӣ баҳои баландро сазовор гардидаанд. Тибқи рейтинги Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар доираи нишондиҳандаи қобилияти рақобати байналмилалӣ Тоҷикистон аз ҷиҳати сифати роҳҳо ва рушди инфрасохтор мавқеи хубро ишғол намуда, дар ин ҷода ба ҳайси кишвари пешқадам дар минтақа арзёбӣ гардид.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон натанҳо аз бунбасти коммуникатисонӣ баромадааст, балки ба як кишвари таранзитӣ табдил ёфтааст. Он рӯз дур нест, ки Тоҷикистон дар баробари кишварҳои пешрафтаи минтақа ва дунё қарор бигирад. Ин умедро сиёсати дурандешона ва созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол ба ҳақиқат табдил медиҳад.

 

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигор


24.09.2021 31