Забон яке аз рукнҳои ташаккули миллат

  Аз бузургтарин рукнҳои ташаккул, тарааққиёт ва камолоти ҳар миллат ин забони ӯст. Тавассути забон миллат метавонад қадами устувор ва собитро дар шоҳроҳи худшиносӣ ва мондагориву пояндагӣ бигузорад. Миллате, ки дар ҳимоят ва пуштибонӣ аз забони хеш, ки олитарин мерос аз аҷдоди ӯст, устувор ва босадоқат кӯшиш ба харҷ намедиҳад, ояндаи ӯ бас тира хоҳад буд, балки ӯ ҳамчун миллат ояндае надорад.


      Забони тоҷикӣ ҳам барои миллати тоҷик бузургтарин рукни рушду нумӯъ ва пояндагиву мондагорӣ маҳсуб мешавад. Агар гуфта шавад, ки тавассути забон тоҷикон то имрӯз ҳамчун миллат дар дунё шинохта ва эътироф шудаанд, муболиға нахоҳад шуд. Зеро, ин забон буд, ки дар дарозои таърих гузаштагони фарҳангии мо: шоирону носирон, олимону ҳакимон тавассути он аз худ мероси гаронбаҳои хаттӣ боқӣ гузоштанд. Суханҳои пургавҳари устод Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Умари Хайём, Фаридуддини Аттор, Ҳаким Саноӣ, Мавлавӣ Ҷалолиддини Румӣ, Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ ва садҳо тан ҷуз инон баёнгар ва нишонаи ин гуфтаҳо хоҳанд буд, ки бо забони ноби тоҷикӣ ва ба гуфти худи онон: дурри дарӣ афкори баланди хешро рӯйи коғаз меоварданд.


      Дар даврони ҳукумати бузургтарин давлати миллиямон- Сомониён тавассути ин хонадони миллатдӯст ва ҳуввиятталаб забони тоҷикӣ мақому мартабаи олии давлатиро касб кард ва амирони сомонӣ онро рутбаи дарӣ, яъне дарбориву давлатӣ доданд. Пас аз суқут ва фурӯпошии ин сулолаи миллӣ(солии 999 м.), мо- тоҷикон дар муддати зиёда аз ҳазор сол соҳиби давлати миллӣ нашудем ва дар ҳайати хонадонҳои муғуливу туркӣ аз қабили Ғазнавиён, Салҷуқиён, Қарахониён, Темуриён, Шайбониён … ва Манғитиён ба сар бурдем. Агарчи сиёсати бегонагон дар ин муддати тӯлонӣ бар сари тоҷикон алам барафрошта буд, лекин забони тоҷикӣ дар тамоми ин муддат бар сари ҳокимияти ин сулолаҳои аҷнабӣ алами ҳукм афрохта буд. Аз оғози ҳукумати Ғазнавиён то анҷоми аморати Манғитиён забони тоҷикӣ дар тамоми хонадонҳои муғулу турк ҳамчун забони санаднависиву ҳуҷҷатнигорӣ ва коргузориву муоширати сиёсӣ амал мекард ва дар ҳеч яке аз ин давлатҳои номбурда дар сиёсату давлатдорӣ аз забонҳои модарии худ истифода намешуд. Ҳамчунин, дар тамомии ин давлатҳои ғайритоҷикӣ доираҳои бузурги илмиву адабӣ ташкил карда мешуданд, ки дар онҳо ҳазорҳо шоир, чи форсизабону чи ғайри он, бо тоҷикӣ шеър менавиштанд. Ҳатто, шоҳону амирон ва шоҳзодагону дарбориён кӯшиш мекарданд, ки забони тоҷикиро на танҳо хуб ёд бигиранд, балки бо он шеър бигӯянд ва эҳсосоти ботинии худро баён бикунанд.


        Пас аз бунёди ИҶШС- и собиқ, чун забони ягонаи байналмилалӣ ва забони давлатдорӣ дар тамоми хоки ин давлат забони русӣ шуд, забони тоҷикӣ ин арзишу мартабаи зиёда аз ҳазорсолаи худро сахт аз даст дод. На танҳо дар сиёсату давлатдорӣ дигар истифода нагардид, ҳатто, дар МОТ(муассисаи олии таълимӣ)- ҳо омӯзиши он бисёр маҳдуд шуд. Ҷуз аз риштаҳои суханшиносӣ, яъне факултаҳои филологӣ омӯзиши забони тоҷикӣ дар дигар риштаҳо қатъ ва манъ гардид. Ин ҳолати рукуд ва сукути забони тоҷикӣ то даҳаи нӯҳуми асри бист давом намуд, то ин ки соли 1989 барои дуввумин бор, дар марҳалаи фурӯпошии ИҶШС- и собиқ, забони тоҷикӣ мақоми давлатиро соҳиб шуд. Дар пайомади ин рухдоди барои миллати тоҷик бас муҳимму тақдирзо Қонуни Забон аз ҷониби Ҳукумати ҶТ ба тасвиб расид, ки он дар Конститутсияи ҶТ ҳамчун тағйироти ҷиддӣ ва асосӣ ворид карда шуд.


       Имрӯз мо- тоҷикон омӯзиш, пуштибонӣ ва тоза нигаҳ доштани забони худро бояд муқаддастарин вазифаи миллии худ донем ва масъулияти анҷоми ин корро ҳар яки мо бояд хуб дарк намоем. Зеро, ҳеч касе ҷуз аз худи мо- тоҷикон бардӯшдори ин кори муқаддас нахоҳад буд.

       Забони тоҷикӣ яке аз куҳантарин забонҳои дунёст. Он ба шохаи эронии гурӯҳи ҳиндӣ- эронии оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ тааллуқ дорад. Оилаи мазкур аз се гурӯҳ: ҳиндӣ- эронӣ, славянӣ ва романӣ- германӣ иборат аст. Ба шохаи славянӣ забонҳои руссӣ, белорусӣ, украинӣ, чехӣ, словакӣ ва дигар халқиятҳои славянӣ дохил мешаванд. Ба романӣ- германӣ забонҳои итолиёвӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, англисӣ, финӣ, шведӣ ва қисмати зиёди забонҳои аврупоӣ шомил мешаванд. Ба ҳиндӣ- эронӣ забонҳои ҳиндӣ, урду, тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ, паштунӣ, курдӣ, осетинӣ ва монанди инҳо мансубанд.


       Ягонагии оилавӣ, яъне ба як оилаи ҳиндуаврупоӣ тааллуқ доштани забонҳои боло, аз ҷумла забони тоҷикиро вуҷуди вожаҳое муайян ва исбот мекунанд, ки то ба ҳол ин вожаҳо чи шаклан ва чи аз ҷиҳати маъно дар чанде аз ин забонҳо истифодаи муштарак, яъне бакоргирии якгуна доранд. Намунаҳо аз чанд вожа:

момо(тоҷикӣ)- мама(русӣ)- маму(ҳиндӣ)

модар(тоҷикӣ)- мать(русӣ)- mother(англисӣ)

бобо(тоҷикӣ)- папа(русӣ)- бабу(ҳиндӣ)

падар(тоҷикӣ)- падра(испанӣ)- father(англисӣ)

бародар(тоҷикӣ)- брат(русӣ)- brother(англисӣ)

нав(тоҷикӣ)- новый(русӣ)- new(англисӣ)

рада(тоҷикӣ)- ряд(русӣ)- рада(украинӣ)

дар(тоҷикӣ)- дверь(русӣ)- door(англисӣ)

Ибодов С. Т., 

муовини ректор оид ба таълим, 

доктори илмҳои тиб, профессор



04.10.2018     179