Заҳр бодо шири модар бар танат

Заҳр бодо шири модар бар танат

Санаи 30.09.2020 дар маҷмааи таълимии шаҳраки «Шифобахш» бо иштироки донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ, тиббӣ- профлактикӣ, педиатрӣ, фармасевтӣ ва стоматологӣ қисми 5- уми филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» намоиш дода шуд. Донишҷӯёни мазкур, ки пешакӣ низ бо қисмҳои алоҳидаи ин филм ошноӣ доранд аллакай мазмуну муҳтавои онро кайҳо дарк кардаанд. Табибони ҷавон аз филм, ки бевосита аз хиёнатҳои гушношунид ва разилонаи аъзоёни ТЭТ «Ҳизби наҳзат» қисса мекунад маҳкум намуда, ба роҳбари нокоми ин ташкилоти иғвогар - Муҳиддин Кабирӣ унвони «Заҳҳоки асри 21» -ро лоиқ донистанд.

Зимни муҳокимаи филм донишҷӯён иброз доштанд, ки ҳар як ҷавони тоҷикро зарур аст, ки дастовардҳои беназири Тоҷикистони соҳибистиқлолро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд. Филми мазкур моро ҳушдор медиҳад, ки мо бояд дар гирди ҳам муттаҳид бошем ва нагузорем, ки Ватани ваҳдатофари моро гурӯҳҳои фурӯмоя ба манфиатҳои нопоку шахсиашон истифода баранд.

Зикр гардид, ки   ҷаҳони пуртазоди муосир аз ҳари як шаҳрванди кишвар, бахусус ҷавонони ғаюру меҳандӯст зиракии сиёсиро тақозо менамояд. Вазъияти имрӯзаи ҷумҳуриҳои дусту бародари тоҷикон Белорус, Озарбойҷону Арманистон дарси ибрат бароямон шуда метавонад. Маҳз манфиатхоҳони хориҷӣ бо дасисаҳои хеш ин кишварҳои ободро ба корзори нооромӣ табдил дода, таассуфовараш он аст, ки ин гурӯҳҳо дар амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки хеш аз шаҳрвандони ин кишварҳо истифода мебаранд. Саволе ба миён меояд, ки натиҷаи чунин амалҳо ба чӣ оварда мерасонад? Ин савол ҷавоби сода дорад, вале таассуфовараш он аст, ки ҷавонони ба доми фиребафтода бақавле «теша ба решаи хеш заданр»-ро пай намебаранд.

Тоҷикон, ки мазаи талхи ҷанги шаҳрвандиро дар танаш эҳсос карда буданд ва медонанд, ки он кори дасти шайтонсиратони аъзоёни «Ҳизби наҳзат» буд ва имрӯз ин ватангумкардагони хоинро ҳаматарафа маҳкум менамоянд.

Шуъбаи тарбия


01.10.2020 158