Ёдбуди профессор Муҳаммад Бобохоҷаев

Ёдбуди профессор Муҳаммад Бобохоҷаев

Рӯзи 19-уми ноябр дар Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳраки “Шифобахш” чорабинӣ бахшида ба ёдбуди д.и.т., профессор, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобохоҷаев Муҳаммад Хоҷаевич, ки зиёда аз 30 сол роҳбарии кафедраи бемориҳои дарунии №3-ро ба ӯҳда дошт, баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ шогирдон ва ҳамкорони ин шахси наҷиб ва некӯном бо суханҳои нек аз устод ёд карданд.

Донишҷӯдухтарони курси 5 ва 6-и факултети тиббӣ бо собиқадорони меҳнат, докторони илми тиб, профессорони кафедраҳои терапия Асадуллоев С.Ҳ., Расулов У.Р., Одинаев Ф.И., Шокиров Ю.А., Шарипова Х.Ё., ва шогирдони устод дотсент Назарова С.М., д.и.т., профессор Одинаев Ш.Ф., сӯҳбат намуда, ғизои маънавӣ гирифтанд.

Шӯрои бонувон


22.11.2019 206