Вохурии судманд

Вохурии судманд

Дар хобгоҳи № 7 бо иштироки намояндагони ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вохурии судманд бо донишҷӯён баргузор гардид. Вохурии мазкур бо сухани ифтитоҳии намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Фозилзода Шуҳрат оғоз гардида, сипас намояндагони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд. Дар бораи омодагӣ ба интихоботи дарпешистодаи Президентӣ, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ табодули афкор намуданд.

Дар охири вохурӣ сардори шуъбаи тарбияи донишгоҳ Абдураҳмонов З.В. ба меҳмонон ва иштирокдорон аз номи роҳбарияти донишгоҳ изҳори сипос намуд.

Шуъбаи тарбия


1
24.09.2020 157