Вохӯрии судманд

Вохӯрии судманд

     Санаи 22-юми ноябри соли ҷорӣ деканати факултети тиббӣ бо донишҷӯёне, ки аз дигар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба тариқи интиқол дохил шудаанд, вохӯрӣ ташкил намоянд. Вохӯрӣ дар толори лексионии № 3 баргузор гардид. Дар вохӯрӣ декани факултет тиббӣ д.и.т., Муҳаббатов Ҷ,Қ. ва муовинони декани факултети тиббӣ Сатторов Д.Қ. ва Бурҳонова З.У. иштирок доштанд. Мақсад аз баргузории вохӯрӣ ин фаҳмондадиҳии тартибот ва сари вақт супоридани фарқиятҳои фаннӣ буд.

     Дар ҷаласа инчунин муовини декани факултет оиди корҳои тарбия Бурҳонова З.У. баромад намуданд ва дар баромади худ муаллима донишҷӯёнро бо қоидаҳои тартиботи дохилидонишгоҳӣ дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино шинос намуданд. Инчунин муаллима дар мавзӯи мубрами рӯз, ки барои тамоми халқи тоҷик хурсандиовар ва таърихӣ ба шумор меравад – ба кор даромадини агрегати аввалини НОБ-и Роғун сухан ронда, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат, Президенти кишвари маҳбуби мо Эмомалӣ Раҳмонро қайд намуданд. Муаллима ба донишҷӯён муроҷиат намуда гуфтанд, ки ба қадри хизматҳои Пешвои миллат, заҳматҳои шабонарӯзии аҳли кормандони сохтмони бузурги НОБ-и Роғун ва дигар арзишҳои миллӣ расида бо баҳои хубу аъло таҳсил намоянд, рафтори хубу ҳамида дошта бошанд ва дар роҳи ба даст овардани илмҳои замонавӣ саъю кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Муҳаббатов Ҷ.Қ., декани факултети тиббӣ, д.и.т., профессор 


26.11.2018     44