Вохӯрии мудири кафедраи анатомияи одам

Вохӯрии мудири кафедраи анатомияи одам
Бо ташабусси муовини декан оид ба тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда Иргашева Ҷ.З. санаи 20-уми декабри соли 2019 дар хобгоҳи №5 вохӯрии мудири кафедраи анатомияи одам - Зокиров Р.Х., ассистенти кафедраи мазкур шахси мутасадӣ оид ба квота - Маҳмадиев Ф.Б., дотсенти кафедраи гистология - Ашуров А.Т. бо донишҷӯёни курси дуюм, ки тибқи квотаи Президенти таҳсил менамоянд баргузор гардид. Дар рафти вохӯри бо донишҷуён оид ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим ва тарбия, омодаги ба сессияи зимистона ва дигар масъалаҳои мубрами вобаста ба иштироки донишҷӯён дар чорабиниҳои фарҳангӣ-оммавӣ сӯхбатҳои судманд гузаронида шуд.
Муовини декан оид ба донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда

21.12.2019 174