Вохӯрӣ- суҳбатҳо бо шаҳрвандон

Вохӯрӣ- суҳбатҳо бо шаҳрвандон

Шуъбаи кор бо ҷавонони МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» бо мақсади маълумотнок намудани аҳолӣ доир ба моҳияти « СOVID-19» ва вазъияти имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ санаи 2-уми сентябри соли 2020 дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва саҳни муассисаҳои шахсию давлатии хиёбонҳои ш. Душанбе бо шаҳрвандону меҳмонони пойтахт дар мавзӯи “Роҳҳои пешгирӣ аз коронавирус, риояи гигиенаи шахсию ҷаъмиятӣ” сӯҳбат-вохӯриҳо баргузор намуд.

Дар доираи чорабинии мазкур волонтиёрони донишгоҳ зери роҳбарии мудири шуъба бо шаҳрвандону меҳмонони пойтахт суҳбату вохӯриҳо анҷом дода доир ба бемории «СOVID-19», сироятёби ва оқибатҳои он, инчунин роҳҳои пешгирӣ аз сироятшавӣ иттилоъ дода, ҳамчунин ниқобҳои тиббӣ ва дастурамалҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии «СOVID-19» - ро тақсим карданд, ки он ба баланд бардоштани сатҳи огаҳии мардум ё худ ҷавонон оиди ба ин беморӣ нақши муҳим мебозад.

Бояд зикр намуд, ки шаҳрвандону меҳмонони пойтахт миннатдории худро ба роҳбарияти МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» ва волонтиёрони ихтиёрии он баён намуда қайд намуданд, ки ташкил ва баргузор намудани чунин суҳбат-вохӯрӣ дар шаҳру хиёбонҳои кишвар баҳри маълумоти бештар додан нисбати бемории «СOVID-19» ва роҳҳои пешгирии гирифтор шудан ба он мусоидат намуда, то андозае нигаронӣ ва ба таҳлука афтидани мардумро нисбат ба ин беморӣ паст менамояд.

Қ.О.Шарифов - мудири шуъбаи кор бо ҷавонон


8
6
5
4
1
04.09.2020 95