Вохӯрӣ дар хобгоҳи №5

Вохӯрӣ дар хобгоҳи №5

Рӯзи 5-уми феврал дар хобгоҳи №5 гурӯҳи кори муовинати тарбия бо истиқоматкунандагони хобгоҳ вохӯрӣ баргузор намуд. Ҷамъомадро сардори шуъбаи тарбия ва фарҳанг ифтитоҳ намуда, мақсади багузории вохӯриро ба донишҷӯён ошкор сохт. Сипас, омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ С.Амонова дар бораи самтҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26-уми декабри соли 2018 ироа гардид, муфассал маълумот дода, донишҷӯёнро ба омӯхтани илму забон, касбу ҳунар, дӯст доштани Ватан, гиромидошти осори ниёгон ва ғайра ҳидоят намуд. Дар анҷоми вохӯрӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба саволҳои донишҷӯён посух дода шуд.

Иргашева Ҷ.З.-муовини декан

оид ба донишҷӯёни тибқи

квотаи Президентӣ таҳсилкунанда



14.02.2019     74