Вохӯрӣ бо донишҷӯдухтарони хобгоҳи №5

Вохӯрӣ бо донишҷӯдухтарони хобгоҳи №5
Дар хобгоҳи №5, ки асосан донишҷӯдухтарони тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунанда истиқомат мекунанд, вохӯрӣ бахшида ба иди Наврӯз гузаронида шуд.
Муовини декан оид ба Квотаи президентӣ таҳсилкунанда Иргашева Ҷ.З. ва муовини декан оид ба тарбияи факултети тиббӣ Арабзода С. аз файзи соҳибистиқлолии кишвар гуфтаниҳо намуда дар бораи иди қадимтарини тоҷикон – иди Наврӯз гуфта гузаштанд. Аз тарафи духтарон риоя намудани либосҳои тавсияшудаи Вазорати маорифро боз як бор таъкид намуданд.
Раиси Шӯрои бонувон Ҳоҷиева Г.Б. дар баромади худ бо фарорасии фасли баҳор, Наврӯзи аҷам ҳамагонро табрик намуда, оиди вазифаи асосии донишҷӯдухтарон – донишомӯзӣ, сифати таълим, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарастӣ, мавқеи таърихии миллати тоҷик, муттаҳидии ҷавонон дар атрофи ғояҳои худшиносии миллӣ, тарғиби ҳаёти солим, риояи гигиенаи шахсӣ, масъалаҳои ташвишовар ва бардурӯғ будани ҳаргуна хабарҳо дар гирду атрофи коронавирус – COVID-19 диққати махсус дод.
Сипас духтарони фаъоли хобгоҳи №5, ки дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ, Шӯрои бонувон, конкурсҳо, мизҳои мудаввар иштирок карда буданд, – Воҳидова М., Каримова М., Салимова С. бо сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Шӯрои бонувон Ҳоҷиева Г.Б.

Муовини декан оид ба тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда Иргашева Ҷ.З.

Муоивни декан оид ба тарбияи факултети тиббӣ Арабзода С.

27.03.2020 559