Ваҳдати моро касе халалдор карда наметавонад

Ваҳдати моро касе халалдор карда наметавонад

       Рӯзи 23 октябр дар толори Синои донишгоҳ ҷаласаи васеи устодон ва донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино оид ба таҳлилу баррасии оқибатҳои баъзе ҳодисаҳои қонунвайрокунӣ дар ВМКБ багузор гашт, ки дар он намояндагони раёсати КДАМ ҶТ дар шаҳри Душанбе, муовинони ректор, деканҳо ва муовинони деканҳои факултаҳо, сардорони шуъбаву марказҳо, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ  иштирок доштанд.


       Ҷаласаро ректори донишгоҳ, профессор Гулзода М.Қ. ифтитоҳ намуда, хадафу мақсади чорабиниро ба аҳли нишаст баён намуд. Аз ҷумла ӯ қайд кард, ки тавассути кӯшишҳои пайгиронаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон беш аз бист сол боз дар кишвари тозаистиқлоли мо ваҳдату ягонагӣ ҳукмфармо гашта, мардум дар шароити сулҳу осоиш умр ба сар мебаранд. Мутаассифона, ҳастанд гурӯҳҳое, ки ба қадри ин неъмати гаронарзиш нарасида, бо ҳар восита мехоҳанд, ки ба оромии ҷомеа халал ворид созанд. Профессор Гулзода М.Қ. оид ба муҳтавои сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нимаи моҳи сентябри соли ҷорӣ ба ВМКБ ба таври муфассал истода гузашта зикр намуд, ки баъзе қонунвайронкуниҳо дар ин минтақаи баландкӯҳ боиси поймол гардидани ҳуқуқу озодиҳои сокинони ВМКБ гаштааст. Роҳбари донишгоҳ афзуд, ки бо кӯшиши мақомотҳои марбута вазъият дар ин минтақа ба эътидол дароварда шуд ва аз донишҷӯён тақозо кард, ки дар чунин марҳилаҳои ҳассос бояд ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, барои мустаҳкам гаштани сулҳу ваҳдати саросарӣ дар кишвар саҳмгузор бошанд. Аз ҷумла, аз донишҷӯёни бадахшонӣ, ки дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсил менамоянд, тақозо намуд, ки дар якҷоягӣ бо сохторҳои тарбиявии донишгоҳ як барномаи мукаммали корҳои фаҳмондадиҳиро таҳия намуда, дар давраи таътили зимистона ва тобистона бо ҷавонон ва ҳамсолони худ дар Бадахшон суҳбату вохӯриҳо ташкил намоянд ва барои дар онҳо парваридани ҳисси худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баранд.

      

     Сипас, муовини ректор оид ба тарбия ва фарҳанг П.Қ.Қурбонбекова ба сухан баромада қайд кард, ки вазъи сиёсии имрӯзаи ҷаҳон ҳар яки моро водор месозад ҳамчун шаҳрванди як давлати озоду мустақил ба раванди воқеаҳои пурпечутоб нигоҳи хосаи худро дошта бошем ва барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ва сулҳу суботи саросарии ҷомеа худро масъул шуморем. Зеро ба назар чунин мерасад, ки мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷи кишвар шабу рӯз мунтазири онанд, ки кай дар ин давлати орому рӯ ба тараққӣ аз нав нооромиҳо сар мезананду онҳо барои амалӣ сохтани кирдорҳои нопокашон дасту остин бармезананд.

        Ин дафъа душманони миллат баъди сафари кории Сарвари давлат ба Бадахшон ва вохӯрию мулоқотҳои он кас бо фаъолони ин минтақаи дурдаст як маъраки васеи таблиғотиро роҳандозӣ намуданд, ки мақсад аз он бар зидди Ҳукумат шӯронидани мардуми сарбаланди Бадахшон буд. Ҳол он ки сокинони минтақаи дурдасттарини кишвар омадани Пешвои муаззами худро кайҳо боз интизорӣ мекашиданд, зеро қонунвайронкунӣ ва амалҳои ғаразноки як тоифа сокинони камхиради минтақа кайҳо боз боиси ташвиши ҷиддии мардум гашта буд ва ҳама медонистанд, ки танҳо ҷасорат ва матиниродагии Пешвои миллат метавонад ба ин хараҷу мараҷҳо хотима гузорад. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Президенти мамлакат вазъи ҷинояткориро дар вилоят ба таври шадид интиқод намуда, масъулини сохторҳои дахлдори вилоятро вазифадор намуд, ки дар давоми як моҳи оянда камбудиҳои мавҷударо бартараф сохта барои таъмини волоияти қонун дар қаламрави вилоят тамоми чораҳоро андешанд.

        Иқдоми неки Президенти мамлакат аз тарафи тамоми мардуми вилоят дастгирии ҳаматарафа ёфт ва тӯли як моҳ аксари онҳое, ки дар даст ғайриқонунӣ силоҳ нигоҳ медоштанд, бо хоҳиши худ силоҳҳояшонро супориданд. Роҳбарият ва фаъолони вилоят бошанд, барои фаҳмонидани мақсаду мароми роҳбарияти олии кишвар дар самти таъмини волоияти қонун ва рушду инкишофи ояндаи иқтисодиёти ВМКБ тӯли як моҳ корҳои зиёдеро анҷом доданд. Рӯзи 16 октябр бошад, натиҷаҳои кори якмоҳа натиҷагирӣ гаштанд, ки ҳамагон аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд. Имрӯз бошад вазъият дар вилоят муътадил буда, мардум аз кӯшишҳои роҳбарияти давлату Ҳукумат ҷиҳати таъмини қонуният дар минтақа изҳори хушнудӣ менамояд.


       Донишҷӯи курси 3, факултаи тиббии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Давлатбекова Маҳфиза зимни суханрониаш қайд кард, ки ман як тан аз духтарони хушбахти Бадахшон ҳастам, ки соли 2016 тариқи Квотаи президентӣ аз ноҳияи Шуғнон ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил гашта, имрӯз дар курси сеюм бомуваффақият таҳсил карда истодаам. Албатта, ҳар пешравӣ ва ҳар муваффқияте, ки мо дар оянда ба он ноил мешавем, пеш аз ҳама ба ваҳдату ягонагии мардумони кишвари азизамон ва рушду нумӯи пайвастаи он вобастагии қавӣ дорад.

     Масъалаҳое, ки имрӯз дар вохӯрии мо мавриди баррасию муҳокима қарор мегиранд, маълум аст, ки ба тақвияти решаҳои сулҳу ваҳдат дар ҷумҳурӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносии ҷавонон ва нигоҳи амиқ андӯхтан ба воқеаҳои муҳими ҷаҳонӣ нигаронида шудаанд. Зеро ба ҳар шахси худогоҳ маълум аст, ки вазъи имрӯзаи сиёсӣ қариб дар тамоми дунё ба таври бесобиқа ноором гаштааст. Давлатҳои манфиатҷу бо мақсади амалӣ сохтани ҳадафҳои геополитикии худ аз самтҳои сусти иқтисодӣ ва сиёсии дигар давлатҳо истифода бурда онҳоро ба кашмакашҳои нолозими сиёсӣ мекашанд ва бо ин вазъиятро дар нуқтаҳои гуногун ноором месозанд. Шукри худо, ки мову Шумо беш аз 20 сол аст, ки дар як давлати орому тенҷ зиндагонии осуда ба сар бурда истодаем ва ин ҳама аз баракати сиёсати сулҳҷуёнаи роҳбарияти олии мамлакат ва иқдомҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Шукр, ки мо ҷавонони минтақаҳои гуногун имрӯз дар пойтахти мамлакат чун фарзандони як оила зиндагӣ ва таҳсил карда истодаем ва ман боварии комил дорам, ки ин дӯстию рафоқати моро ҳеҷ қувваи дохилию хоричӣ рахна карда наметавонад. Аз ҳамсабақони худ бошад даъват менамоям, ки дар атрофи давлату ҳукумати соҳибистиқлоламон боз ҳам зичтар муттаҳид бошанд ва барои боз ҳам ободу зебо гаштани Тоҷикистони азизамон ҳар нафар худро масъул шуморад. Зеро муттаҳидии мо ҷавоби қотеъ ва раднашавандаест ба душманони миллат, ки ба парокандагии мардум ва ноамнии ин минтақаи биҳиштосо манфиатдоранд. Мо ҳаргиз ба чунин душманони миллат роҳ намедиҳем, ки ба саҳифаҳои рахшони таърихи халқамон дубора хати сиёҳ кашанд.

      

     Омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ н.и.т. Зеваршо Абдураҳмонов ба маълумотҳои таърихӣ такя намуда, зикр намуд, ки дар таърих мардуми Бадахшон дар ҳайати давлатҳои гуногун зиндагӣ карда ҷавру азиятҳои зиёде кашидаанд ва маҳз дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба саодати ҳақиқӣ расидаанд. З.А.Абдураҳмонов афзуд, ки имрӯз Тоҷикистон ба яке аз минтақаҳои амнтарини сайёра мубаддал гаштааст, вале набояд фаромӯш сохт, ки душманони халқу миллати тоҷик ҳоло ҳам ором нагирифтаанд ва онҳо аз ҳар гӯшаи дунё дар сурати «ҳомиёни дину демократия» овоз баланд карда, мардумро боз ба парокандагӣ ва нооромӣ кашиданӣ мешаванд. Мо бояд аз гузаштаи на чандон дур ибрат гирифта, дӯстро аз душман ҷудо карда ва ба душманони дӯстнамо ҷавоби мувофиқу қотеона гардонида тавонем. Зеро агар равшантар нигоҳ кунем, «мубаллиғони имрӯзаи дину демократия» боқимондаи ҳамон саркардаҳоеанд, ки солҳои навадуми асри гузашта, як бор тирашон хок хурдаву акнун дар либоси дигар боз ниятҳои нопоки худро амалӣ кардан мехоҳанд.

      

       Докторанти ДДТТ баноми Абӯалӣ ибни Сино Бахтиёрова Наргис зимни баромадаш сиёсати сулҳҷёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сарчашмаи ҳамаи саодатмандӣ ва пирӯзии ҷавонон ҳисобида, афзуд, ки ман ҳамчун як бадахшонидухтар ҳама гуна қонунвайрокуниҳоеро, ки дар ватани аҷдодиам аз тарафи гурӯҳҳои алоҳида рух медиҳанд, маҳкум менамоям. Зеро барои рушду инкишофи сарзамини биҳиштосои мо пеш аз ҳама осмони софу беғубор ва сулҳу ваҳдати саросарӣ лозим аст. Мо ҷавонон барои амалӣ сохтани ин ҳадафи олӣ пайравони Пешвои миллат ҳастем ва сиёсати сулҳҷӯёнаи ӯро ҳамеша тарафдорӣ менамоем.

        Вохӯриро ректори донишгоҳ профессор Гулзода М.Қ. ҷамъбаст намуда, бори дигар аз иштирокчиёни ҳамоиш, хоса донишҷӯён тақозо намуд, ки дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва сулҳу ваҳдат ташаббускор бошанд ва бар зидди вайронкунандагони оромии ҷомеа сари вақт овози худро баланд кунанд.


М.Мазиёев

 

 


25.10.2018 107