Устоди мушфиқ ва тадқиқотчии нозукбин

Устоди мушфиқ ва тадқиқотчии нозукбин
Пӯшида нест, ки омӯзгорӣ дар қатори муқаддастарин касбҳои рӯи олам қарор дошта, омӯзгор ҳамеша шахси мӯътабару соҳибнуфузи ҷомеаи инсонӣ маҳсуб меёбад. Зеро муаллим чашмҳоро бино, ақлҳоро равшан, дилҳоро пур аз нури сафою самимият намуда, эъҷозгари хушбахтии насли наврас ва сармеъмори қасри саодату пешрафти миллату давлатҳост. Бинобар ҳамин қадршиносӣ аз заҳмату меҳнати устодону омӯзгорон аз ҷумлаи беҳтарин амали инсондӯстонаю ватанпарварона мебошад. 
 Заҳмати ҳампешаро ҳампеша медонад, ки чист, 
 Захми дасти кӯҳканро теша медонад, ки чист. 
 Мақсад аз гуфтаҳои дар боло овардашуда варақгардонӣ намудани дафтари ҳаёт ва фаъолияти устоди кафедраи биохимияи ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино, номзади илми биология, дотсент, докторанти Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ Гулов Махмалӣ Қодирович мебошад, ки ба наздикӣ эшон 60 солагии хешро қайд намуданд, ки зиёда аз 30 соли он дар донишгоҳ барои таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи тиббӣ паси сар гаштааст. Гулов М.Қ. 18 январи соли 1960 дар деҳаи Янгиобод, яке аз деҳаҳои зебоманзари ноҳияи Хуросон ба олами ҳастӣ чашм кушодааст. Ӯ дар хонаводае тавваллуд шудааст, ки қиблагоҳи бузаргаш Имомов Қодир дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намуда бо пирӯзи ба зодгоҳаш баргаштааст. Падар ба серкориаш нигоҳ накарда бо мактаб алоқаи доимӣ дошт ва аз рафтору кирдори фарзандонаш дар мактаб ҳамеша бохабар буд. Аҳли хонаводаи мазкурро дар ноҳия ва вилояти Хатлон нағз мешиносанд ва онҳо то имрӯз дорои обрӯю эҳтироми хоса мебошанд. Аксарияти фарзандон маълумоти олӣ доранд ва дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият доранд. Махмалии хурдсол ҳанӯз дар овони мактабхониаш касби пурифтихори омӯзгориро интихоб карда буд. Бо ҳамин орзую ният баъд аз номаи камол ба даст гирифтан ба пойтахти ҷумҳурии азизамон маркази илму фарҳанг - шаҳри Душанбе рахти сафар баст. Бо умеду орзуҳои зиёд ҳуҷатҳояшро ба факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) супорид. Пас аз бомуваффақият супоридани имтиҳоноти дохилшавӣ ба номи баланди донишҷӯӣ мушарраф гардид. Соли 1983 факултаи номбурдаро бо дипломи аъло хатм намуд. Раёсати донишгоҳ қобилияти баланди Махмалӣ Гуловро ба назар гирифта, ӯро барои давом додани фаъолияти илмию эҷодӣ ба Институти зоология ва паразиталогияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор роҳхат дод. Дар институти номбурда ӯ қариб ду сол фаъолият намуд. Гулов М.Қ. соли 1985 ба аспирантура бо ихтисоси «биохимия» дар назди Институти физиологияи растанӣ ва генетикаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуд. Соли 1987 ӯро ба муддати тулонӣ ба сафари хидматӣ ба Институти генетикаи молекулавии АИ собиқ ИҶШС сафарбар карданд. Ӯ то соли 1989 дар институти ном бурда кор кард ва рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Колониронӣ ва тавсифи гении субвоҳиди калони рибулозадифосфат карбоксилаза/оксигеназаи барги пахта» таҳти роҳбарии узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илми биология, профессор Алиев Қ.А. ва доктори илми биология, профессор Пирузян Э.С. ба итмом расонид ва соли 1990 сарбаландона дифоъ кард. Солҳои 1990-1991 дар Институти физиологияи растанӣ ва генетика ба сифати корманди хурди илмӣ фаъолият намуд. Дар он давра дар баробари кори илмӣ вазифаи раиси шӯрои олимони ҷавони институтро ба ӯҳда дошт ва фаъолияти онро аз нав дар ҳамон давраи бениҳоят вазнин ҷоннок намуд. Гулов М.Қ. дар айни замон аъзои ҷамъияти физиологҳои растании Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ӯ аз сентябри соли 1991 то ба имрӯз дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолият дорад. Дар донишгоҳ корро аз вазифаи асситенти кафедра оғоз намуда, то ба дараҷаи дотсенти кафедра омада расид. Айни замон устод дар арафаи ҷамъбаст намудани корҳои докториаш мебошад, ки қисми таҷрибавии онро сарбаландона дар озмоишгоҳи биологияи молекулавӣ ва биотехнология растании Институти ботаника,физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ таҳти роҳбарии узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Алиев Қ.А. ва профессор Партоев Қ.П.ба анҷом расонид. Самти фаъолияти илмии устод гуногунҷабҳа мебошад, ки он солҳои гуногун ва мақсадҳои мухталифро дар бар мегирад. Солҳои аспирантура фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Гулов М.Қ. ба– тадқиқи клониронии гене, ки дар субвоҳиди калони рибулозабисфосфат-карбоксилаза/оксигеназа барги пахта ҷой гирифтааст, экспрессияи он ва муқоисаи таркиби нуклеотидии он ба дигар растаниҳо равона гашта буд. Пас аз дифоъ намудани рисолаи номзадӣ фаъолияти илмии хешро тавассути истифодаи маркерҳои молекулавӣ ба омӯзиши сатҳи геноми полиморфизми байнинамуд ва дохилинамуд, муайян намудани муносибати филогенетикӣ ва эволютсионии намудҳои мазрӯи гандум ба намудҳои ёбоии он, ки дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон мерӯянд, машғул аст. Дар кафедра тадқиқотро оиди омӯзиши тағйирёбии оксидшавии перекиси чарбҳо дар раванди гуногуни бемориҳои (осебёбии пӯст ҳангоми варами бадсифат ва гестозаи хушсифат дар давраи ҳомиладорӣ, бемории нуқсони модарзодии дил) пеш бурда истодааст. Самти фаолияти илмии Гулов М.К оиди рисолаи докторӣ омӯзиши фаъолияти ферментҳои аниоксидантии растаниҳо ва маҳсулнокии намудҳои гуногуни картошка дар шароитҳои номусоиди иқлими Тоҷикистон мебошад. Ӯ устоди пурмаҳсул аст, ки муддати фаъолияти хеш беш аз 140 мақола дар маҷаллаҳои бонуфузи илмии ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ, гузоришҳои зиёди илмиро илмиро дар маҷмуаи дастҷамъӣ, гузоришу конфронсҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва берунмарзӣ ба табъ расонидааст. Ҳаммуаллифи китоби «Феҳрасти намудҳо ва намунаи авлоди эгилопсис, ки аз минтақаҳои гуногуни экологӣ-географии Тоҷикистон чамъоварӣ намудаанд» аст, ки он бо ду забон - русӣ ва англисӣ ба дасти чоп расидааст. Ғайр аз ин, саҳми ӯ дар корҳои таълимӣ ва методии кафедра бениҳоят назаррас аст. Ӯ ҳаммуаллифи 30 дастури методӣ мебошад, ки бо забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ба дасти чоп расидаанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки Гулов М.Қ. дар сатҳи баланд дар кафедра бо донишҷуёни ҳамаи факултаҳои ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино бо забони давлатӣ ва русӣ лексия мехонанд. Дар баробари он бо методу усули ба худ хос бо забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ба донишҷуён дарси амалӣ аз фанни биохимияро мегузаронанд. Донишҷуён аз тарзи гузаронидани дарсҳои лексионӣ ва амалӣ аз устод Гулов М.Қ. қаноатманданд. Дар байни устодон ва кормандони донишгоҳ, кафедра ва донишҷӯён ӯ дорои обрую эътибори хоса мебошад. Ҳангоми гузаштани аттестатсияи навбатии кормандон бори дигар дар назди комисияии атестатсионии босалоҳияти интихоб намудаи роҳбарияти ДДТТ ба номи Абӯалӣ сазовори баҳои баланди ҳайати коммиссияи бонуфуз гардид. Гулов М.Қ. бисёр инсони ҳалим, хоксор, зиндадилу меҳрубон ва дорои фарҳанги баланд мебошанд. Ҳамчун омӯзгори сахтгир, серталаб, ботамкин, бомулоҳиза, дурандеш ва хайрхоҳ буда, ҳамеша дар кӯшиши он мебошанд, ки ба инсонҳо некӣ кунанд. Дар фаъолияти кориашон он кас худро ҳамчун шахси пуртаҷриба, устоди нуқтасанҷ, нотиқи равонсухан дар соҳаи таълиму тарбияи насли ҷавон нишон додаанд. Азбаски Гулов М.Қ. се забони таълимии (давлатӣ, русӣ ва англисии) кафедраро дар сатҳи зарури медонад ва дар ҳолатҳое, ки мабодо ягон устоди кафедра бо сабабҳои узрнок ба дарс омада натавонад, ӯ ҳамчун устоди варзида ва таҷрибанок чӣ дарси лексионӣ ва чӣ дарси амалиро бе ягон хел мамониат ва дудилаги иваз намуда дар сатҳи баланд мегузаронад. Барои ҳамин ҳам дар бисёр ҳолатҳо ҳампешаҳояш ӯро бо номи «Устоди дастиёри кафолатноки таълимии кафедра» ном мебаранд. Дар кафедра вазифаи бисёр масъули ҷамъиятии мутасадии бахши саркураториро ба ӯҳда дорад, ки корҳояш чӣ дар кафедра ва чӣ берун аз он ҳамеша намуна ва боиси ифтихор мебошанд. Устод ҷаҳондида мебошад ва сайру саёҳат яке аз шӯғлҳои дустдоштаи ӯ ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, ҷавобан ба Паёми соли 2017-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2018-ро соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд, Махмалӣ Қодирович ҳамроҳи як қатор дӯстон ва ҳамфикрон аз 6-ум то 13 июли соли 2018 ба кӯли афсонавии Сарез сафар намуда, аз ин минтақаи нодири сайёҳӣ таассуроти бениҳоят бой ва аксҳои диданибобро ҳароҳи худ овард, ки онҳоро дар машғулиятҳои тарбиявӣ бо донишҷӯён ба таври самаранок истифода мебарад. Аз тарафи раёсат ва кумитаи иттифоқи касабаи донишщгоҳ борҳо бо сипосномаву ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гаштааст. Соли 2016 бошад, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон бо нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд. Аз фурсати муносиб истифода намуда, мо устодон ва кормандони кафедраи биохимияи донишгоҳ, ихлосмандон ва шогирдонаш устоди варзида Махмалӣ Қодирович Гуловро ба муносибати ҷашни мавлуди 60 солагӣ ва фаъолияти пурсамари 37 - солаи таълимӣ ва илмӣ-эҷодиаш табрику муборакбод намуда, ба ӯ умри дароз, саломатии бардавом ва дар корҳои таълимӣ, илмӣ-эҷодиашон муваффақиятҳои беназирро таманно менамоем. 
 Б.Б.Ҷумъаев, узви вобастаи АИ ҶТ, профессор, 
А.М. Сабурова, профессор, 
М.С.Махсудова, дотсент, мудири кафедраи биохимия


24.01.2020 255