Тренинги омӯзишӣ «Мубориза бар зиддӣ хариду фурӯши одам»

Тренинги омӯзишӣ «Мубориза бар зиддӣ хариду фурӯши одам»

Шуъбаи кор бо ҷавонон тибқи нақша-чорабиниҳои шуъба бо мақсади шинос намудани донишҷӯён бо ҷинояти одамфурӯшӣ ва қишрҳои дигари осебпазири ҷомеъа дар толори №6-и бинои нави таълимии донишгоҳ тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи «Мубориза бар зиддӣ хариду фурӯши одам» баргузор намуд, ки зиёда аз 100-нафар донишҷӯёни донишгоҳ дар он ширкат варзиданд.

Боиси таассуфу нигаронист, ки Тоҷикистон низ дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳон бо чунин падидаи нанговаре чун интиқоли ғайриқонунии кӯдакону занон ба хориҷи кишвар ва истифодаи онҳо бо мақсадҳои шаҳвонӣ ва ҳадафҳои дигари пасту нанговар барои ба даст овардани фоида рӯ ба рӯ шудааст.

Табиист, ки яке аз сабабҳои аслии густариши ин намуди ҷиноёт дар ҷаҳони мутамаддин ба муҳоҷирати ғайриқонунии аҳолӣ вобаста аст.

Тоҷикистон ҳамчун дигар кишварҳо ба мушкилоти муҳоҷирати аҳолӣ гирифтор аст ва ҳукумати кишвар ба ин масъалаи доғ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунад. Дар ин замина Консепсияи тасдиқшудаи давлатии сиёсати муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати аслӣ барои танзими раванди муҳоҷират, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад.

Қобили зикр аст, ки гузаронидани чунин тренингҳои омӯзишї дар байни донишҷӯёну ҷавонон баҳри тарғиби муқовимат ба одамфурӯшӣ дар байни ҷомеа мусоидат менамояд. 

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонон  -  Шарифов Қ. О.


3
2
1
17.11.2020 116