Тоҷикистон, парчамат поянда бод!

Тоҷикистон, парчамат поянда бод!

Санаи 21 ноябри соли 2020 бо донишҷӯдухтарони курси 6 факултети тиббӣ, интернҳо ва ординаторони клиникии кафедраи бемориҳои дарунии №3 дар толори хониши бинои 6, “шаҳраки Шифобахш” аз тарафи Шӯрои бонувон чорабинӣ бахшида ба “Рӯзи Парчам” гузаронида шуд.

Дар ибтидои чорабинӣ Ҳоҷиева Гулнора Бобоевна аз таърихи пайдоиши парчам маълумот дода, ҳамагонро бо “Рӯзи Парчам” табрик намуд. “Парчам” ва “дирафш” вожаҳои асилу қадимаи тоҷикӣ, “байрақ” вожаи туркӣ, “ливо” ва “алам” вожаҳои арабӣ ҳастанд. Дирафши коваёнӣ яке аз ривоятҳои машҳури тоҷик ва тамоми қавмҳои ориёнажод аст, ки дар “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ба шакли достони назмӣ дароварда шудааст.

Духтарони фаъол Сафарова Дилноза ва Тоҷова Гулноз- донишҷӯдухтарони курси 6, факултети тиббӣ дар баромадҳои худ қайд намуданд: парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид ва бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст “Рӯзи Парчам”-и давлатӣ дар кишвар, 24 ноябри соли 2009 таҷлил карда шуд.

Бо ибтикор ва иқдоми наҷиби Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишварамон- шаҳри Душанбе бузургтарин Парчам, ки дар ҷаҳон беназир аст, гузошта шуд, ки баландии пояи он 165 метр, дарозии матоъ 60 метр ва бараш 300 метр буда, ба китоби “Рекордҳои Гиннес” ворид карда шудааст.

Шӯрои бонувон


23.11.2020 225