Технологияи муосир: аҳамият ва мушкилот

Технологияи муосир: аҳамият ва мушкилот

Таҳти чунин унвон санаи 28.10.2020 дар толори лексионии ба номи М.Ғуломови шаҳраки «Шифобахш» бо иштироки донишҷӯёни курси якуми факултети тиббӣ семинарии омӯзиши доир карда шуд.

Семинар аз ҷониби мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Абдураҳмонов З.В дар шакли презентатсия ташкил шуда паҳлӯҳои аҳамиятнокӣ ва зиёноварии технологияи муосир бахусус телефонҳои мобилӣ бо факту далелҳои исботшуда ба донишҷӯён пешкаш карда шуд. Изҳори нигаронӣ гардид, ки телефонҳои мобилӣ ва истифодаи ғайримақсадноки онҳо аз ҷониби донишҷӯён боиси косташавии ахлоқ гардидааст. Ин мушкилот ҳатто барои мутолиаи китоб таҳдиди ҷиддиро ба бор овардааст. Кори семинар дар фазои баланди ташкилию ошкорбаёнӣ сурат гирифта дар байни донишҷӯён баҳсу мунозираҳоро ба вуҷуд овард. Кори семинарро мудири шуъбаи тарбия ҷамъбаст намуда ба саволҳои сершумори донишҷӯён ҷавобҳои қонеъкунанда доданд.

Шуъбаи тарбия


02.11.2020 168