Театр таҷассумгари ҳаёти мост

Театр таҷассумгари ҳаёти мост

Театр оинаи халқ буда, дар баланд бардоштани маданиятнокии ҷавонон, пайдо намудани ҳисси ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, хештаншиносӣ ва пос доштани осори ниёгон, инчунин тарбияи маънавии чавонон нақши ниҳоят бузург мебозад.


Санаи 26-уми сентябри соли ҷорӣ деканати факултети тиббӣ ва Шуъбаи тарбия ва фарҳанги ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо сарпарастии мудири Шуъбаи тарбия ва фарҳанг Файзов Э.М., муовинони декани факултети тиббӣ Бурҳонова З.У. ва Истамова З.Ҳ. бо донишҷӯёни курсҳои аз 1 то 5 ба Театри давлатии академӣ - драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ташриф оварда, аз намоишномаи «Ишқи нобино» дидан намуданд.


Намоишнома дар асоси хислатҳои инсондӯстӣ ва хештаншиносӣ омода гардида, характери хуби тарбиявӣ дошт.

Бояд гуфт, ки донишҷӯён бо як ҷаҳон таассурот аз театр баргаштанд, чунки дар намоишнома аз дастовардҳои тибби муосир ва ҳамчунин аз хислатҳои хуби инсондустӣ ва ҳалимии табибон порчаҳо нишон дода шуд. Намоишномаи мазкур дар тарбияи ҷавонон нақши калон хоҳад бозид.

Деканати факултети тиббӣ


02.10.2018 110